Рушди устувори иқтисоди миллӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум
2023-05-24
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки
кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятиву шаҳрӣ “Хониши сиёсӣ”-и навбатӣ дар мавзӯи
“Рушди устувори иқтисоди миллӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии
мардум” баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ бо иштироки Роҳбари дастгоҳ-
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух
ва дотсент, декани факултаи бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ Тӯразода Ҷамшед доир шуд.
Нахуст, Зоҳидов Фаррух
сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳузури меҳмонро бо аҳли нишаст шинос намуд.
Сипас, устод Тӯразода
Ҷамшед бобати мавзӯи болозикр сухан ронда, қайд кард, ки Паём ин санади таҳлилӣ
ва стратегию сиёсие мебошад, ки доир ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҷомеа,
дастовардҳо, муаммоҳои ҷойдошта ва тадбирҳо дар роҳи ҳалли онҳо дар марҳалаи як
сол аз ҷониби роҳбари олии давлат ба халқ ва вакилони он ироа карда мешавад.
Ироа гардидани Паём дар шароити давлатдории миллӣ ин худ яке аз воситаҳои
амалигардии унсурҳои ҷомеаи демократӣ ва соҳибихтиёрии комили давлат ва
инчунин, ифодагари сарчашмаи ҳокимият будани халқ аст.
Қобили зикр аст, ки
масъалаҳое, ки дар Паём алалхусус масъалаи рушди устувори иқтисоди миллӣ
мавриди натиҷагирӣ қарор гирифтанд, сирф хусусияти стратегӣ дошта, амалигардии
онҳо дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати
зиндагии мардум нақши бузург доранд.
Қобили зикр аст, ки
дар кумиҷроияи вилоятӣ ҳафтае як маротиба “Хониши сиёсӣ” баргузор мегардад, ки
дар он мутахассисони касбии соҳаҳои гуногун барои сайқал додани дониши сиёсии
кормандон дар мавзӯъҳои мубрами рӯз маърӯза менамоянд.