Ҷавонон ҳимоятгари марзу буми Ватан
2023-03-24
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Дӯстӣ дар якчоягӣ
бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шӯьбаи маориф"-и ноҳия, дар арафаи таҷлили
Рӯзи ҷавонони кишвар, тибқи
нақша чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, аз
қисми ҳарбии 02214 воқеь дар ноҳияи Шаҳритус дидан намуда, зиёда аз 100 нафар
хатмкунандагони муассисаҳои таьлимии ноҳия бо шароити будубош ва хизмати ҳарбии
афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд.
Ҳангоми боздид аз
қисми ҳарбӣ ба хонандагон ҷойи хоб, ошхона, толори хониш, ҷойи машқу тамрини
сарбозон, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи ҷангӣ ва истифодаи дурусти он нишон дода
шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз ҳангоми вохӯри бо сарбозон иброз
дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худ шараф аст.
Барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳар яки мо бояд ҷонфидо бошем. Ин амал далели садоқати
ҷавонмардии мо ба Ватан маҳсуб меёбад.
Раиси ташкилоти
ибтидоии ҳизбии "Шуъбаи маориф"–и ноҳия Махмадсаидзода Шаҳноза ба
хонандагон иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписарон
мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки
моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи
далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Адои хизмат дар сафҳои
Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи
бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат,
дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.
Лозим
ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои
рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии
муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо
истифода мекунад.
Зеро дар марҳалаи
имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти
давлат ва ҷомеа ба сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён - аз сарбози
қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад.
Баъд аз шиносоӣ аз
ҳаёти афсарону сарбозон ва хизмати ҳарбӣ хонандагон иброз доштанд, ки пас аз
хатми мактаб ба сафи Артиши миллӣ пайваста рисолати фарзандии худро дар назди
Ватан-модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу
таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти
давлатӣ сафарбар месозанд.