Пешвои миллат - ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон

2023-05-24

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар толори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 12 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” мизи мудаввар таҳти унвони “Пешвои миллат- ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои ҳизбии пойтахт, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”иштирок доштанд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова мизи мудавваро оғоз бахшида, иштирокчиён ва кулли ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Иброз дошт, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи муқтадири ҷомеа эътироф кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест, зеро имрӯз рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ягон кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони азизи моро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро давоми даврони Истиқлоли давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ишора шудааст, ки ҳар гуна тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва инкишофи усулу роҳҳои гуногуни ҷомеа он кишварҳое муваффақу пирӯз мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои фаровони ҷисмонӣ ва неруи зеҳнии онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Дар охир ба як қатор чавонони фаъол Сипоснома ва ба ғолибони Озмуни шаҳрии рассомони ҷавон зери унвони “Мо ҷавонон – созандагони фардои ватанем” диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.