Нақши нерӯи созандаи миллат - барои имрӯзу фардои дурахшон

2023-03-24

Ҳанӯз дар нахустин қадамҳои вуруди истиқлолияти давлатӣ, яъне 23 майи соли 1992 бо назардошти баланд бардоштани нақшу манзалати ҷавонон дар ҷомеаи навин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид ва ин санаи муборак ҳамасола ба сифати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Дар аввалин зинаҳои давлатдорӣ ва дар мушкилтарину ҳассостарин давраи нобасомониҳои дохилии кишвар, дар ҳоли авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, бо вуҷуди душвориҳои паёпай аз тарафи Роҳбари давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба ин табақаи фаъолу бонуфузи ҷомеа нишони хирад ва умед ба ояндаи дурахшон маҳсуб меёфт. Зеро маҳз дар ин давраи нооромиҳову бесарусомониҳо такя намудани давлату миллат ба нерӯи ҷавонони кишвар, ки қисми асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил дода, ояндаи дурахшону солим ба нерӯву хиради онҳо сахт марбут дониста мешуд, қадами устувори давлатдории навин ва оянданигарии бохирадона буд.

Ҳамин минвол, ин падидаи хайру муборак, ки бунёдаш аз донишу хирад сарчашма мегирад, то кунун бо эътимод идома ёфта, нақши ҷавононро дар таҳкиму густариши пешрафти ҷомеаву давлат муайян менамояд.

Агар ба таърихи на чандон тӯлонии давлатдории навини тоҷикон назар андозем, саҳму нақши боризи ҷавонон дар роҳи сулҳу оштии миллӣ, дар раванди созандагиву бунёдкориҳо, дар пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёт пеши назар меояд ва дар ин васила садҳову ҳазорҳо далел гувоҳи бунёди хирадмандонаи робитаи давлат бо ҷавонон ва бошарафона тай намудани марҳилаҳои давлатдорӣ буда метавонанд.

Дар ҳама давраҳову марҳилаҳои таърихи инсоният пешбурди ҷомеа, барқарорсозиҳо, расидан ба ҳадафҳои давлатию миллӣ ва умумибашарӣ, пешрафти илму фарҳанг, сайқали рӯзгори инсоният ва умуман рушди давлату ҷомеа ба нерӯи муқтадиру созандаи наслҳои ҷавон вогузор буду ҳаст ва чунин ҷараён меёбад.

Имрӯз дар Тоҷикистон табақаи ҷавонон қисми асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Яъне, дар ҳудуди кишвар қисми асосии аҳолии синни то 40-45 сола зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳанд ва ин нишондиҳанда бозгӯи мавҷуд будани қувваи азими зеҳнӣ ва сармояи мукаммали инсонӣ дар кишвар дониста мешавад, ки ба ҳайси ҳаракатдиҳандаи пуриқтидори ҷомеа дар пешрафти давлату ҷомеа мусоидати фаъол дорад.

Ҳукумати кишвар барои дастгирии қишри ҷавони ҷомеа ва сафарбар намудани онҳо ба фаъолиятҳои мухталифи рӯзгор, мудом чораву тадбирҳои судманду муассир меандешад. Хосатан, дастгирии занону духтарон ҳеҷ гоҳ аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур нест.

Бино ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳдоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Даҳҳову садҳо далел гувоҳи онанд, ки дар шароити имрӯза ҷавонони кишвар дар пешбурди соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистони азиз талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори доимии худ дониста, барои ободии кишвар, мустаҳкамтар намудани пояҳои истиқлолият ва боз ҳам ба таври рӯзафзун баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азиз дар арсаи ҷаҳонӣ азму талоши ҳамешагӣ доранд. Бо эътимоду умеди бутун метавон гуфт, ки дар шароити имрӯза ҷавонон чун номбардорони насли сарбаланди Тоҷикистони азиз Парчами истиқлолиятро бо садоқату саодат ҳифз менамоянд. Ин гуна ватандориву ватанхоҳии насли ҷавони даврони нав ба ҳайси меваҳои ширини истиқлол далели ваҳдатофариву ягонагӣ, ҳамзамон ҳифзи бевоситаи арзишҳои миллӣ дониста мешавад.   

Шамсзода Хизматулло,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии

"Маркази миллии тиббӣ"