Мо ҷавонони ватан созандаем

2023-05-23

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамоянд, ки ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ба шумор мераванд. Дар воқеъ садо додани чунин суханони эътимоднок аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар нисбат ба ҷавонон аз он далолат медиҳад, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қишри ҷомеа пайваста зери таваҷҷуҳ қарор доранд. Умеду боварӣ, фардои дурахшони Тоҷикистони азиз, пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз аз ҷавонони бонангу номус вобастагии зич дорад.

Қадамҳои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992 гузошта шуд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо мавриди амал қарор доранд, ки ин ҳуҷҷатҳо мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро мушаххас кардаанд.

Воқеан ҳам ҷавонони хушбахти истиқлолем, ки дар осудагиву оромии кишвар умр ба сар мебарем. Имрӯзҳо барои мо ҷавонон тамоми шароитҳо ва имкониятҳо баҳри зиндагии шоиста фароҳам оварда шудааст.

Ҷавонони хушбахти соҳибистиқлолии мамлакат имрӯз дар ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд. Метавон гуфт, ки ҷавонони имрӯза дорои малакаи зеҳнӣ, иштирокчии озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, сиёсатмадор, иқтисодчӣ, омӯзгор, муҳандис, духтур ва муҳақиқ мебошанд, ки дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор мебошанд. Метавон гуфт, ки соҳае нест, ки дар он ҷавонони боғайрату шуҷои ватан кору фаъолият надошта бошанд.

Яке аз дастгоҳҳои идеологӣ ки дар тарбия намудани кадрҳои ҷавон дар тамоми ҷумҳурӣ саҳми муассир дорад, ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Яке аз самтҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро самти кор бо ҷавонон ташкил медиҳад.

Исботи гуфтаҳои боло ин аст, ки аз ҳисоби корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 50 фисади онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби ҷавонон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳастанд, ки дар ҳалли мушкилоти мардум бетараф нестанд.

Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ташкилоти намояндагӣ ТҶҶ “Созандагони Ватан” кору фаъолият менамояд, ки ҷавонони ин ташкилот дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, аксияҳо ва дар таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ саҳми назарраси худро мегузоранд. Инчунин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳбарон ва муовинонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба ҲХДТ зиёд гардида шомилшавии онҳо ба ҳизби умедгоҳу такягоҳи ҷавонон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст.

Боиси ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат зери доимии худ қарор гирифтааст, ки дар ҳар як сӯҳбату вохӯриҳояшон бобати ҷавонон баҳои баланд дода мешавад. Ва дар баробари ин, ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунада, бо ифтихонома, медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ менамояд, ки ин ҳама нишонаи таҳкиму мақому манзалати ҷавонон мебошад. Махсусан дар паёми имсолаи худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Бахилӣ карданамон даркор нест, баръакс аз мактабу донишгоҳҳо ҷавононро гулчин карда, тарбия намуданамон лозим аст”.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли ҷавонони саодатманди кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонтабрику муборакбод намуда, баҳрашон пеш аз ҳама саломатӣ, некномӣ ва рӯзгори босаодатро орзу менамоям.

Бигзор осмони Тоҷикистони ҷавону азизи мо ҳамеша софу беғубор, парчамаш дар минбарҳои ҷаҳонӣ парафшон ва ҷавонони саодатмандаш бо ҳам дӯсту иттифоқ бошанд.

Нусратова Шаҳноза,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб