Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак

2023-05-23

Ҷавонони саодатманду хуштолеи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.

Дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани  шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомузӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ  ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар доираи амалӣ намудани барномаҳои худ тавассути Ташкилоти  Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», иштироки ҷавононро дар пешбурди самтҳои  афзалиятнок ва муҳимтарини фаъолияти оинномавӣ ва барномавии  худ ба таври шоиста ба роҳ мондааст.    

Тадбирҳои дар ин самт роҳандозишуда  ба таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии онҳо мусоидат мекунанд.

Ба қадри неъматҳои замони соҳибистиқлолӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату миллатро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати худ мебошад.     

Бо назардошти ин омилҳои муҳим  зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, масъулияти  бузурги   таърихӣ   ва  қарзи   пурифтихори  фарзандии худро сарбаландона иҷро намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони  фардои Ватан зиракии сиёсиро аз даст надода, хизмати шоиста ва арзанда ба ҷо оваранд.

Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд, бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Қобили қайд аст, ки дар шароити пуртаззоди  равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо, тамаддунҳо, таъсири манфии омилҳои  бегона, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҷавонони лаёқатманду соҳибитеъдодро зарур аст, ки манфиатҳои давлатӣ, арзишҳои миллиро бо доштани зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя  намоянд.

Ҷавонони бо нангу номус ва далеру ғаюр ба Ватан ва арзишҳои миллӣ борҳо содиқ будани худро исбот намуда, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа, ҳифзи марзу буми меҳан қарзи ватандустии худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Ҷавонони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор, чашму дили бедор, мудом бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони азиз  дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд ва ҳамчун ворисони ҳақиқии Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллии тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Истифода аз фурсати муносиб ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба кулли онҳо саодати рӯзгор ва дар роҳи пуршарафи рисолати бунёдкоронаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои беназир таманно дорам.

Рӯзи ҷавонон Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бод!

 

Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон