Маҳфили адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

2023-05-23

Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, дар гулгашти назди маркази савдои “Садбарг” (назди пайкараи устод С.Айнӣ) бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков Садриддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Каримзода Нилуфар, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назариён Обид, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Ғанизода Ҷамшед, намояндагон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, намояндагони ВАО ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози маҳфил, нахуст ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши асарҳои рассомии баландмазмуни офаридаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар рафти тамошои асарҳои мазкур муаллифон оид ба таърихи офарида шудани ин асарҳои баландмазмун ва тарзи дуруст истифодабарии рангҳо маълумоти муфасал доданд.

Баъд аз намоиши асарҳои рассомони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар ҳамагонро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош намуда, қисмати сиёсии маҳфили адабӣ – фарҳангиро, таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ҳусни оғоз бахшид. Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо - Тоҷикистони азиз санаи 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад. Зикр намуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона доранд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд.

Дар идома, Ширинбеков Садриддин, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дасгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, зимнан тамоми иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” табрику таҳният намуданд.

Дар  баромадҳо зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.  Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Сипас, як қатор фаъолони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён ва сокинону меҳмонон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Муассисаи давлатии  “Филармонияи  давлатии бачагонаи Тоҷикистон”, доир карда шуд.