Мо бо ҷавонони ояндасозони миллат ифтихор менамоем

2023-05-23

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриву суҳбат ва мулоқот бо аҳли зиё, доир ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвар, ифтихор аз марзу бум, ҳифзи Ватани азиз ва эҳтирому ифтихор аз тоҷикистонӣ будан ҳарф зада, роҳҳои беҳдоштро пешниҳод менамоянд.

Ҳамагон медонанд, ки 31 соли истиқлол ба ҷавонони тоҷик озодии комил бахшид ва тавассути он ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки то бо таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд. Маҳз хизматҳои Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷавонон рӯ ба худшиносӣ оварда, худро чун соҳибватану соҳибмулк шинохтанд.

Самараи истиқлол аст, ки ҷавонони тоҷик имрӯз мустақилона самти фаъолияти худро дар зиндагӣ интихоб мекунанд, дар рушду пешрафти кишвари азиз саҳм мегузоранд. Метавон гуфт, ки ҷавонон неруи бузурганд, ки метавонанд дар дифоъ аз арзишҳои миллӣ саҳми беандозаи худро гузоранд.

Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи Ватан омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат, оромиву осоиш расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагӣ, кору пайкори худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ҳам ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Дар баробари ин, бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш, ба сӯйи ободиву пирӯзиҳои нав баранд.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти соҳаҳои асосии ҳаёт, махсусан соҳаи маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд. Таҳсили маърифатиро Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон кафолат медињад. Ин аз он далолат медиҳад, ки сарвари давлат барои соҳибмаърифат шудани ҷавонон пайваста кӯшишу талош доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар ин нуктаҳоро гуфта буданд: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва тарзе онҳоро тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонаро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо ҷавонон ва сохторҳои дахлдор дастур медиҳанд, ки ба масъалаи истифодаи неруи созандаи ҷавонон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзандаи хизматӣ аз ҳисоби ҷавонон (духтарону писарон)-и лаёқатманд, донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо бо донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Боиси зикр аст, ки ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан, вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа ба шумор меравад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Мо - ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба ҳадафҳои нек ва баҳри ободиву шукуфоии кишвари азизамон, чун фарзандони баору номус ва ватандӯсту ватанпарвар минбаъд низ бо дасту дили гарм фидокорона хизмат мекунем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри роҳҳои беҳдошт барои кору таҳсили ҷавонон аст. Мо медонем, ки яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи имрӯзаи мо, рушди босуботи соҳаи маориф аст ва ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он тарбия кардану ба камол расонидани шахсияти бомаърифату соҳибихтисос ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Ин имкон медиҳад, ки насли имрӯзу оянда тақдири Ватану миллатро ба даст гирифта, тамоми соҳаҳо ҳаёти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои замонаи пешрафт густариш диҳанд, иқтидори иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии кишварамонро зина ба зина беҳтар гардонанд.

Бояд гуфт, ки сарвари ғамхори миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи имкониятҳои мавҷуда маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифро тадриҷан зиёд намуда, барои беҳтар кардани шароити муассисаҳои таълимӣ, тақвияти заминаҳои моддиву техникии онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Бояд гуфт, ки ҳадафи ин кор фарогирии наврасону ҷавонон ба таҳсил, соҳибмаърифат кардани онҳо, бедор кардани истеъдоди фитриву қобилияти донишан-дӯзии онҳо ва иловатан, ба онҳо омӯзонидани донишу дастовардҳои илму техникаи муосир ва инноватсионӣ мебошад

Дар яке аз вохӯриҳо бо аҳли ҷавонон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаро зикр намуда буданд: «Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки онҳо ворисони ниёгони соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари тоҷик ҳастанд ва вазифаи асосиашон, пеш аз ҳама, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, нозукиҳои забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани дастовардҳои муосир ва муҳимтар аз ҳама, дуст доштану қадр кардан ва муқаддас ҳисобидани ҳар як ваҷаб хоки Ватани азиз мебошад.

Сабаби таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҷавонон маҳз дар он аст, ки Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз давлатҳои ҷавонтарин буда, синни миёнаи сокинонаш 24 солро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳадафи асосии давлати мо дар доираи сиёсати давлатӣ, муттаҳид сохтани қувваи созандаи насли ҷавон, ба хотири бунёди ҷомеаи демократӣ ва пешрафта мебошад.

Вобаста ба ин самт, ҳанӯз солҳои аввали истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва илова бар он, барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки ин ҳама шаҳодати таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба масоили ҷавонону соҳиби мақоми шоиста будани онҳо дар ҷомеа мебошад.

Ногуфта намонад, ки риояи бечунучарои қонунҳои амалкунанда ва дар доираи онҳо зиндагиву фаъолият кардан қарзи ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла, ҷавонон аст. Вале вақтҳои охир аз ноогоҳӣ ва паст будани маърифати сиёсиву фарњангӣ қисме аз ҷавонон беихтиёр ба равияву ҳаракатҳои бегона ҳамроҳ шуда истоданд.

Маълум аст, ки ин ҳаракатҳои ифротгаро аз тарафи доираҳои муайяни хориҷӣ пуштибонӣ мешаванд ва мехоҳанд дар кишвари мо ҳадафу мақсадҳои ғаразноку нопоки худро амалӣ созанд, мафкураи носолим ва барои мо бегонаро маҳз ба ҷавонони мо таҳмил намоянд. Дар чунин ҳолат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як нафар тарбия кардани насли зирак, ҳушдор, солиму худогоҳ, бофарҳангу бедордил бояд бошад.

Боиси зикр аст, ки барои он ки ҷавонони мо маърифати созанда, ақли солим, маънавиёти бой дошта бошанд, бояд ҳар як падару модар, ҳар як таълимдиҳанда, ҳар як фарди ватандӯст, яъне аҳли ҷомеа якҷоя ҷавононро ба роҳи рост, нангу номус, адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, сулҳу ваҳдат, касбу ҳунаромӯзӣ, зиракии сиёсӣ, покдилӣ ва худогоҳии миллӣ раҳнамоӣ намоянд.

Насли ҷавони имрӯза насли хушбахт аст, чунки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳаёт ба сар мебарад ва маҳз истиқлолияти воқеӣ доштану соҳиби давлату Ватан будан барои ҳар як фарди баору номус неъмати бебаҳо аст. Ва ин миллат, ин Ватан, ин марзу бумро ободу зебо гардонидан, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, пешрафти давлати миллӣ, таҳкиму амнияти он вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии маҳз насли наврас ва ҷавонон мебошад.

Ҷавонон қувваи бузург, такягоҳи боэътимод, пешбарандаи давлату миллат мебошанд. Бояд гуфт, ки маҳз ҷавонон дар сарнавишти имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург доранд. Бинобар ин, насли ҷавон бояд амиқ дарк намоянд, ки вазифаи асосии онҳо дар марҳилаи ҳозира омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ намудани воситаҳои техникии муосир, дастовардҳои технологияи ҳозиразамон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарбия ёфтан дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ мебошад.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд. Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

 

Ҳомидзода Насим,

мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе