МАТБУОТ- ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ҶОМЕА. Ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик дар ДДЗТ ҳамоиш доир шуд

2022-03-11

Ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Матбуот -оинаи тамомнамои ҷомеа» маҳфил баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, устодони Донишкада, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва меҳмонон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ректори донишкадаи мазкур Жило Гулназарзода зимни маҳфил зикр кард, ки Воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар ҷомеаи имрӯза мавқеи меҳварӣ ва калидӣ доранд. Барои ба даст овардани истиқлоли фикрӣ, нишон додани авзои ростин ва воқеии ҷомеа ВАО нуфузи назаррас дорад.

“Имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки 11 марти соли 1912 нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба нашр расидааст ва ҳамасола ин рӯз дар ҷумҳурӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Имсол ба нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ 110 сол пур мешавад, ки ин рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мост”,-ибрози назар намуд Жило Гулназарзода.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз дошта буданд, ки «воситаҳои ахбори омма авзои ҳар ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имконият медиҳанд, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк кунанд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд. Зимни ҳамоиш намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди нашри аввалин рӯзномаи «Бухорои шариф», рушди матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр шуд, ки матбуот дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имконияти озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи мазкур ба намояндагони ВАО Сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуданд. Дар охири ҳамоиш муҳассилини Донишкада бо чанд забон иштирокдоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, бо барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.