Ҷавонон ҳимоятгару ояндасози миллати солим
2023-05-22
Боиси ифтихор ва
сарфарозию арҷгузорӣ ба ҷавонони миллат, ки ҳамасола санаи 23 май дар саросари
кишвар ҳамчун “Рӯзи ҷавонон ботантана таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯ ва
қувваи ҷавонон дар кишвар баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар сохтмони ҷомеаи
навин бузург мешуморанд. Президенти кишвар дар паёми худ тазаккур доданд, ки
«Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда
пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои
истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту
дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси
ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир
эмин доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон
бошанд».
Ҷавонон мебояд бо
рафтору пиндори нек, бо гуфтори хирадпеша, хониши аъло дар макотибу донишгоҳу
донишкада, одобу ахлоқи ҳамидаю намунавӣ ба дигарон таъсири хешро расонанд ва
ҳамсолони худро аз роҳи бад баргардонида, ба роҳи нек ҳидоят созанд. Пешвои
миллат нисбати ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо зоҳир менамоянд, ки мисоли
равшани ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” мебошад, ки
ин иқдоми созанда барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушду нумӯи соҳаҳои
мухталифи ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.
Ба нерӯву иқтидори
ҷавонон эътимоди комил доштани Сарвари давлат аз гуфтаҳои эшон бармеояд, ки
овардаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини
соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти
аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору
фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа,
хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Ҷавобан ба ин
ғамхориҳо, ҷавонон баҳри пешрафту тараққиёт, корҳои ободонӣ ва созандагию
бунёдкорӣ ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин миллату давлат ҳиссаи хешро
мегузоранд. Эшон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъол буда, саҳми назаррасро дар
рушду нумӯ, пешрафти сиёсату маърифат ва илму ирфон гузошта истодаанд. Ҷавонон
нерӯи бузурги офарандаю бунёдкоранд. Онҳо метавонанд бо донишҳои қавӣ, бо
меҳнату талош ба музаффариятҳои назаррас ноил гарданд ва баҳри вусъат ёфтану
тараққӣ кардани соҳаҳои мухталиф саҳмгузор бошанд.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси
истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои
хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон
доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои
ҷавонон пайваста таъмин менамоянд. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
пайваста таъкид мекунанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи
миллатанд».
Дар паёми Президенгти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 хеле бамаврид зикр гардид, ки ҷавонон бояд дар сиёсати имрӯзаи
давлат дар тамоми фаъолияти пешрави ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созандаро
пешниҳод намоянд, амнияти давлату давлатдориро ҳимоя созанд.
Боиси хушҳолию айни
сарафрозист, ки имрӯзҳо дар мулки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати
оқилонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату якдилӣ ва сулҳу субот
ҳукмфармост. Мувофиқи таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон имрӯз аз
нигоҳи амнияту оромӣ, бехатариву осоиштагӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар сафи
пеш қарор дорад ва чун таманнои муҳаббати аз дил ҷӯш зада баромада ва бо
самимияти хоса гуфтаи кафили сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
тавассути ҷаҳоннамо такрор ба такрор ба самъи мардум мерасад, ки «Дӯст бошед,
иттифоқ бошед! Шукронаи ин сарзамин кунед! Шукронаи ин давлат кунед! Шукрона
кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!», мо бояд аз ҳамаи ин
фароҳамовариҳо, дастгириҳо ва неъматҳои моддию маънавии истиқлолият шукргузорӣ
намоем.
Талошҳои пайвастаи
ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон
бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии
миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро
барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу
субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор
гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамояд. Ин
дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд
сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии
муносибатҳо бошад. Афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки
гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.
Бо истифода аз ин
дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон - Тоҷикистон
кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.
Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону
фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои
зараровар пайваста талош меварзанд.
Ҷавонон муҳофизони
боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи
тиллоии миллату давлат ҳастанд. Ин хулосаест, ки аз суханронии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе
бармеояд.
Давлат ва Ҳукумати
Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои
гуногуни кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар давоми солҳои Истиқлолият
барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом
дода истодааст. Дар ин раванд хидмат ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Мо ифтихор мекунем, ки
имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар
муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи
ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.
Кулли ҷавонони
кишварро бо ин иди пуршукӯҳашон самимона шодбош мегӯем ва хоҳони он ҳастем, ки
ҳамеша баҳри рушду инкишоф ва пешравиҳои Ватани азизамон содиқона саҳми
арзандаи худро гузоранд.
КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров