Шоми ҷавонӣ

2023-05-22

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ки имсол ҳамчун солҳои қабл дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле ҳам бошукӯҳ таҷлил гардида истодааст, дар боғи ба номи “Низомиддин Алишери Навоӣ” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва иштироки гурӯҳи санъаткорони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуллов ҷиҳати болидарӯҳӣ ва истироҳати бофароғати сокинон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Шоми ҷавонӣ”, доир гардид.

Нахуст, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу сарбаландӣ, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланду саодати рӯзгор ва дар амалӣ намудани орзуву ниятҳои неки доштаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Зикр гардид, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 23 май дар ҷумҳурӣ ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад ва ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни мазкур аз ҷониби ҳамагуна сохтору ниҳодҳои кишвар чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ баргузор карда мешавад.

Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Ҷавононро ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Роҳбари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи ҷолиби фарҳангӣ баҳри болидарӯҳии сокинон пешниҳод гардид.