Вусъати корҳои ободонӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ВМКБ

2023-05-22

Аз 15 то 19 майи соли ҷорӣ сафари кории Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор ва аъзои КИМ ҲХДТ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Раҳмон Асадулло ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт.

Ҳадафи сафари мазкур, боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар биноҳҳои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Хоруғ маҳсуб меёбад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди марҳилаи рушди вилоят, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ бо иқдому ташаббусҳои аъзои фаъол пешсаф аст.

Имрӯз дар вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тозаро касб намуда, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ баҳри беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудаанд.

Дар партави ин бунёдкориҳо, ҳизбиёни вилоят бо саҳми аъзои фаъол ва дастгирии сокинон, баҳри тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ иқдоми сохтмони биноҳҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳайати корӣ аз оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳҳои кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, бинокорон изҳор доштанд, ки сохтмони биноҳо дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба итмом хоҳад расид.

Зимни суҳбат Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор иброз намуданд, ки ҳизбиёни вилоят дониш ва имконияти зеҳнию касбии худро барои беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ ва қабули сифатноки аъзои ҳизб бахшида, баҳри зиндагии шоиста ва рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамеша талош менамоянд. Дар ин росто, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакат, таъмини шароити арзандаи зиндагии мардум, муваффақ гардидан ба дастовардҳои беназири меъморию шаҳрсозӣ бо рисолати бунёдкорию созандагӣ камари ҳиммат мебанданд.

Дар охир иброз дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Барномаи Ҳукумат пазируфта  шуда, самаранок татбиқ гашта истодааст.