Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост
2023-05-19
Дар
арафаи истиқболи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии
ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагии ин ташкилот дар шаҳри Душанбе
ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост”
доир гардид.
Дар
ҳамоиши мазкур кормандони Дастгоҳи КИМ, роҳбарони намояндагии Ташкилоти
Ҷамъятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», дар вилоятҳо
ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, волонтёрон, фаъолони ташкилот аз шумори донишҷўёни
муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷу омўзишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок
намуданд.
Дар
асоси барномаи тасдиқгардидаи ҳамоиши мазкур ҳайати иштирокчиён дар назди
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ расми хотиравӣ гирифта, сипас аз «Осорхонаи Пешвои
миллат» воқеъ дар шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи милии Тоҷикистон дидан намуданд.
Бояд
иброз намуд, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2021 бо иштироки Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар
Осорхонаи мазкур нигораҳо доир ба давраи таҳсили Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи
илму маърифат ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти Ҷумҳурии
Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.
Пас
аз боздиди «Осорхонаи Пешвои миллат» ҳайати иштирокчиён аз Муассисаи давлатии
«Маҷмааи Истиқлол» дидан намуданд. «Маҷмааи Истиқлол» рамзи давлатдорӣ,
Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи сабақи дурахшони миллати
куҳанбунёди тоҷикро таҷассум намуда, иншооти нодир ва муҳташам, макони сайру
гашт ва тамошои сокинону меҳмонон маҳсуб меёбад.
Қисмати
тантанавии ҳамоиш дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и Маҷмааи меҳмонхонаи
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муовини
Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор зимни суханронӣ иштирокчиёнро ба муносибати «Рӯзи
ҷавонон» самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, иқболи нек ва
комёбиву пешрафтро таманно намуд. Ҳамзамон аз ҷониби Латифзода А. қайд карда шуд, ки ҷавонони хушбахт ҳамеша
нерӯи созандаву пешбаранда, ворисони асилу арзандаи ниёкони бузургвори худ ва
созандагони имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азиз ҳастанд ва хоҳанд
буд.
Дар
идома, тазаккур дод, ки ҷавонони кишвар мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои
миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва
қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду
нумуи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу
содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю
такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю
бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.
Лозим
ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Барномаи
пешазинтихоботии худ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти
муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, бо мақсади боз ҳам
таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ миёни наврасон ва ҷавонони кишвар тарбияи
ватандӯстӣ, зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ,
тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва
ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавонон, ҷалб кардани онҳо ба равандҳои фарҳангӣ,
иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар
анҷоми чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои
саҳми арзанда дар татбиқу амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб бо Ифтихорнома, сипосномаҳо
ва туҳфаҳои хотиравии ТҶҶ «Созандагони Ватан» сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон
аз ҷониби кумитаи тадорукот барномаи рангини фарҳангӣбарои иштирокдорони
ҳамоиши мазкур таҳия ва пешниҳод карда шуд.