Заминахои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ
2023-05-18
Дарси
навбатӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо
иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор дар
мавзуи “Заминахои ҳуқуқуии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотхои хизбӣ” доир
гардид.
Нахуст,
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, фаъолияти
ташкилоти ибтидоии “Дастгоҳи КИМ ҲХДТ”-и Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, иброз дошт, ки ташкилоти номбурда
фаъолияташро дар асоси Оиннома, Низомнома ва дигар санадҳои танзимкунандаи
фаъолияти ҳизбӣ ба роҳ монда, баҳри таблиғи идеологияи созандаи ҳизб як қатор
иқдомҳоро роҳандозӣ намудааст.
Дар
ин радиф, ба шаш нафар корманди Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва нашрияи марказии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, “Минбари халқ”, ки ба тозагӣ ба фаъолият шуруъ
намудаанд, бо пешниҳоди аъзогӣ ба сафи ҳизб дар вазъияти тантанавӣ
шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон,
муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронӣ иброз доштанд, ки аъзои
ҳизбро зарур аст, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир бо дарки вазъи
пурихтилоф, хоса дар замони муборизаҳои шадиди иттилоотӣ, бо мавқеи масъулияти
азими ҳизбӣ, маърифати қавии сиёсӣ, мантиқи муқтадир ва андешаи яксамт ҳар чӣ
бештар муаррифгари фаъолияти созандаи ҳизб ва дар муқобили андешаву афкори
носолим сипари тавонои донишу хираду фитрат пеш оварем.
Дар
идома, Латифзода Асрор дар атрофи фаъолияти дохилиҳизбӣ ва мафҳуму моҳияти
ҳизби бунёдкор суҳбат намуда, таъкид дошт, ки ҳизби мо имрӯз барои иттињоди нерўҳои
солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди
иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои
инсон ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо кўшиш менамояд. Аъзои ин ҳизбро
умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқ,
ўҳдадориҳо ва интизоми бошуурона мутаҳҳид намудааст.
Дар
ин радиф зикр намуд, ки дар асоси нақша, барои назорати ҳаракати аъзо ва қабули
сифатноки аъзои ҳизб, ташкили низоми мукаммал дар ин бахш, дар кумитаву
ташкилотҳои ибтидоии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
шаҳри Душанбе, омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ доир гардид. Таҳлилҳо
нишон медиҳанд, ки масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб ва пардохти
ҳаққи узвият дар доираи талаботи Оинномаи ХХДТ дуруст ба роҳ монда нашуда,
баҳри ислоҳи камбудиҳои болозикр ва амалӣ намудани талаботи санадҳои
танзимкунандаи ҳизбӣ, дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон
тазаккур дод, ки фаъолияти ҳизб дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои амалӣ намудани ормонҳои
миллӣ, фароҳам овардани зиндагонии шоиста барои сокинони мамлакат, тарбияи
мутахассисони мусаллаҳ бо донишҳои муосир, таҳкими сулҳ, ваҳдат ва созгории
миллӣ шароити созгор фароҳам овардааст.