Ҷавонон ва густариши сиёсатии давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-05-18

Дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои он, яке аз масъалаҳои асосӣ барои кулли давлат, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад, зеро барои ҳамаи кишварҳо дар вазъи кунунии ҷаҳони муосир бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози Истиқлоли давлатии худро тақвият бахшида, имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он фарох истифода намоянд.

Сиёсати имрӯзаи байналмилалӣ як силсила ибратҳои гуногунро барои мо муаррифӣ мекунад, ки сиёсатмадорони ҷаҳон барои амалӣ намудани ташаббусҳои худ ё ҳифзи дастовардҳои мавҷуда иқдомҳои гуногунро рӯи даст мегиранд ва он пеш аз ҳама барои тақвияти иқтидори давлатӣ ва нерӯи инсонӣ равона карда шудааст. Аз ин рӯ ба афзалияти стратегӣ он давлат ё ҷомеае ноил мегардад, ки аз нерӯи инсонӣ, дар навбати аввал нерўи созандаи рушд, ки заминагузори асосии он ҷавонон мебошанд, самаранок истифода барад.

Тоҷикистон аз раванди глобалии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар канор буда наметавонад. Вазифаи таъмини пешрафти Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба рақобатпазирии миллии кишвар дар раванди ҷаҳонии глобализатсионӣ, ҳамгироӣ, баланд бардоштани нақш ва эътибори он дар арсаи ҷаҳон рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва амнияти миллиро тақозо менамояд.

Дар чунин вазъ бояд мавқеи кишвар дар соҳаи сиёсати дохилӣ, тақсими ҷаҳонии меҳнат, илми ҷаҳонӣ, фарҳанг ва технология, фароҳам овардани шароит барои рушд ва татбиқи имконияти шахсӣ, кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, самарабахшии идоракунии давлатӣ, таъмини сатҳи зарурии қобилияти мудофиавии кишвар таҳким ёбад. Ҳалли самарабахши ин вазифаҳои дурнамо бе иштироки ҷавонон дар ин раванд имконнопазир аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баробари касб намудани Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти хоҷагии халқ ислоҳотҳои азимеро роҳандозӣ намуд.

Новобаста аз вазъияти сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатдории худ ба масъалаи ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, ҷавононро такягоҳи асосии давлату миллат эълон доштанд ва яке аз омилҳои асосӣ дар баробари дигар арзишҳо ба рушду тақвият бахшидан ба нерӯи захираҳои инсонӣ – ба ҷавонон мароқи бештар зоҳир намуда, сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумат арзёбӣ намуданд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 №52 мафҳуми сиёсати давлатии ҷавонон, ин - системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявие мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон дар воқеъ яке аз бахшҳои асосии сиёсати давлат арзёбӣ мегардад ва он дар меҳвари сиёсатии давлатии Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Давлат ва Ҳукумат сиёсати давлатии ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар пешрафти ҳамаи бахшҳо ва соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ нақши ҷавононро хеле бориз унвон менамоянд. Дар самти дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ як қатор ташаббусҳо роҳандозӣ карда шуданд.

Ғояи асосии сиёсатии давлатии ҷавонон ва амалишавии воқеии он дар ҷомеа аз дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ояндасоз ҷавонон ва ба нерӯи бунёдкору созандаи онҳо пайваста такя менамоянд ва нисбат ба онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар ягон мулоқот ва суханрониҳои хеш, хусусан зимни ироаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон ва дастгирии онҳо руҷуи хос накарда бошанд.

Далели бевоситаи ин гуфтаҳо дар он аст, ки қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 таҳти №562 мебошад. Қонуни мазкур новобаста аз вазъияти ҳассоси ҳаёти сиёсии кишвар, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул карда шуд ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро барои рушду тақвиятбахшии ин соҳаи калидии ҷомеа фароҳам овард.

Марҳилаи сифатан нави рушди сиёсати давлатии ҷавонон пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсоз ва тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Чунончӣ, мулоқоти аввалини роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои мураккаб, санаи 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон баргузор гардид, ки дар он чунин иброз намуданд “Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумо вохӯрӣ намоям. Мехоҳам, ки дар ин сӯҳбати чашм ба чашм андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳоди муфид медиҳанд”.

9-уми июни соли 1993 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва бо мурури замон тағйири ном кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷаласаи Шӯрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Вохӯрии навбатии Роҳбари давлат бо ҷавонони кишвар, ки санаи 23-юми майи соли 1997 баргузор гардид, як қатор таҳаввулоти азимеро дар ин самт ба бор овард ва барои пешрафти сиёсати давлатии ҷавонон такони ҷиддие бахшид ва онро ба марҳилаи сифатан нав ворид намуд, зеро маҳз пас аз баргузории вохӯрии мазкур як қатор иқдомҳои наҷибе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон рӯи кор омаданд. Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» дар ҳамин рӯз, яъне 23-юми майи соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №725 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ба тавсиб расид, ки тибқи фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, то ин ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми майи соли 1997 қарор дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳамакнун ин ниҳоди махсуси давлатӣ дар самти татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон бевосита муваззаф гардонида шуд.

Бояд зикр кард, ки маҳз бо истифода аз ташаббуси қонунгузории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тағйиру илова ворид намудан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23-юми майи соли 1998, 23-юми майро ҳамчун рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намуданд ва ҳамасола он мутантан таҷлил карда мешавад, ки шаҳодати бевосита аз дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ҷавонон маҳсуб мешавад.

Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии ҷавони соҳибистеъдод мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» ва 20-уми марти соли 1998  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои арзишманд анҷом додаанд» ба тасвиб расид.

Аз ҷониби роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин муддати се даҳсола вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳимми ҳаётии онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шудааст, ки ҳамаи онҳо бо мақсади хубу беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо нигаронида шудаанд.   

Чунончӣ, амсоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15.07.2004, таҳти №52, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 02.08.2011, таҳти № 762, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, таҳти “480), «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2014, таҳти №228), «Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008, таҳти №582),  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва як қатор иқдомҳои дигаре мебошад, ки онҳо метавонанд барои амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намоянд.

Бо мақсади амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон, ки давоми мантиқии силсилаташаббусҳои давлату ҳукумат ва Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар самти дастгирии ҷавонон мебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомотҳои зерини дигар, ба монанди, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахсустини он 27-уми майи соли 2016 мебошад.

Ин дастоварди навбатии ҷавонони саодатманди диёр нозанин мебошад, ки он бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, ҳадаф аз таъсиси он, ин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мояи ифтихору сарафрозист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон мебошад.  Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: “Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад”. Иштирок ва суханронӣ ба муносибати рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тасдиқи возеҳи ин гуфтаҳост. Ин иқдоми наҷиб бори дигар собит намуд, ки мо ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз он пайваста баҳраварем. Бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

Яке аз ибтикорҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дар он аст, ки соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумат арзёбӣ намуда, тамоми имконоти мавҷударо дар самти мазкур равона намудаанд. Вобаста ба ин зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2021 чунин иброз намуданд: “Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Чунин хулоса намудан мумкин аст, ки маҳз ба хотири соҳибмаълумот гардидани ҷавонони мамлакат соҳаи маорифро соҳаи калидӣ барои рушди кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ эълон доштанд, ки метавонад барои боз ҳам рушду тақвияти сиёсатии давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад. Дар Паёми имсолаи худ низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ишора намуданд, ки “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобари ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоси худро баён намуда, чунин иброз карданд: “Мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ ва адолатпарварро ихтиёр намудааст, аз ин рӯ вазифаи асосии ҷавонони мо дар он аст, ки дар самти бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва шаҳрвандӣ пайваста ҷидду ҷаҳд намоем.

Эъмори ҷомеаи демократии ба иқтисодиёти иҷтимоӣ нигаронидашуда бе рушди ахлоқию маънавии насли ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар онҳо ташаккул додани сифатҳои ватанпарастӣ, кордонӣ ва масъулият, аз ҷониби онҳо андӯхтани таҷрибаи иҷтимоию фарҳангии насли гузашта ва дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Дар амал татбиқ намудани ин мақсадҳо ҷалби фаъолонаи ҷавононро барои иштироки мустақим дар ташаккул ва татбиқи сиёсати марбут ба ҷавонон тақозо менамояд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии мо омӯзгорон ин пеш аз ҳама аз дуруст тарбия намудани насли наврас дар руҳияи дӯст доштани Ватани аҷдодӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар роҳи эмин будан аз ҳаргуна амалҳои барои фарҳангу мазҳаби мо бегона, ба монандӣ тақлидкорӣ ба фарҳанги ғайр, ки хоси фарҳанги миллии мо нест, хурофотпарастиву ифродгарогӣ, гаравиш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, террористиву экстримистӣ таълиму тарбия намоем. Зеро ҷавонони мо меросбарони асосии ин фарҳанги оламшумул ва ин миллати соҳибтамаддун маҳсуб меёбанд.

Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки раванди бархӯрди тамаддунҳову андешаҳои пурихтилоф ва ҷаҳонишавӣ мебошад ва дар тазоддҳои замони муосир ҳамон миллату халқияте истодагарӣ карда метавонад, ки ба наслҳои ояндасози худ, аз ҷумла ба масъалаи таълиму тарбия, рушди ҷисмониву зеҳнии онҳо, бештар аз пештар мароқ зоҳир менамояд ва онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ватану миллат, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои таърихиву фарҳангии худ, забони модарӣ ва муқаддасоти миллӣ ба камол мерасонад.

Аз ин рӯ ҷавонони саодатманди моро месазад, ки аз ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дар назди давлату миллат рисолати шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд ва сазовори бовариву эътимоди Пешвои миллат гардида, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодӣ, ҳифзи манифатҳои давлату миллат дар арсаи байналмилаӣ чун аз ҳар вақта дида бештар таваҷҷуҳ намоянд ва зиракии сиёсии худро аз даст надода, фарзандони содиқи ин Ватан ва пайравони асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида бошем.

Мо ҷавонони саодатманди диёри ин сарзамини аҷдодӣ дар атрофи сиёсати бобарор ва бомароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, бовар мекунонем, ки мо дар ҳар лаҳзаву ҳар сония баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои Ватани хеш ҷоннисорӣ намуда, фарзандони содиқи ин сарзамин то абад хоҳем монд.

Зиёваддинов Исломҷон,

аъзои КИИ "Дониш"-и КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур