Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем
2023-04-17
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо иштироки кормандони кумитаи иҷроияи вилоятиву шаҳрӣ, донишҷӯёни
донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд, устодону шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Мо бо ҷавонони кишвари
худ ифтихор дорем!” баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ бо иштироки
Роҳбари дастгоҳ- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти
Суғд Зоҳидов Фаррух ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридун Ҳодибоев доир шуд.
Фаридун
Ҳодибоев бобати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон сухан намуда, иброз дошт, ки
дар яке аз суханрониҳои худ Роҳбари давлат хеле бамаврид таъкид доштанд: “Мо бояд
сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем,
зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва
ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди
мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.
Дар
идома иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару
созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ
дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии
пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи
чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро
тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Бо
дастгирии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи
тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад.
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ин натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар
дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи
насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизу соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди
татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу
нерӯи созандаи ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба
воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг
гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Вобаста ба таҷлили моҳвораи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳо оғоз гардида
истодаанд.
Зикр
гардид, ки Ватанро дӯст доштану бо он ифтихор намудан, барои ҳимояи он омода
будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое
мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан, ҳам метавон
давлати муқтариду тавоно бунёд кард.
Чунин
иқдоми мазкур ҳафтае як маротиба дар кумиҷроияи вилоятӣ бо иштироки
мутахассисони касбӣ дар мавзӯъҳои гуногун роҳандозӣ мегардад, ки барои сайқал
додани дониши сиёсии кормандон мусоидат хоҳад намуд.