Зӯри мушт дар ваҳдати панҷ ангушт
2023-05-16
Аз соли 1998 дар
кишвари мо 23 май ба сифати “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мегардад. Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" дар
таҳрири нав 23 декабри соли 2021, №1830 ба тасвиб расида, аз 5 боб ва 33 модда
иборат аст ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти
ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда,
истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян
менамояд.
Арҷгузорӣ ва таваҷҷуҳ
ба ҷавонон танҳо хоси як рӯз набуда, дар сиёсати ҷавонпарварона ва
маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва барҷаста дорад.
Татбиқи сиёсати
давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ,
кафолатҳои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии
шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон ба
ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Зарур аст, ки заминаҳои меъёрии
ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳарбии мудофиавӣ, идеологӣ ва таҳкими
ҳувияти миллии ҷавонон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон
такмил дода шуда, ҷиҳати рушди фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии
ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Дар баромадҳои
пурмуҳтавои Роҳбари давлат дуруст қайд мешавад, ки ба ҷавонон дар баробари
эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ,
арзишҳои башарию эҳтироми фарҳангми миллӣ дар шароити кунунии ҷаҳони
зудтағйирёбанда шарт ва зарур аст.
Вазъи мураккаби ҷаҳони
муосир ва шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ собит месозанд, ки аз неруи
ҷавонон имрӯз неруҳои мухталиф мехоҳанд ва манфиати худ истифода намоянд.
Ба ниёзҳои муосири
ҷавонон мутобиқ шудани сиёсати ҷории Ҳуқумати мамлакат раванди мудовим ва
муттасил мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт вобаста
ба раванду тамоюл ва падидаҳои гуногун тағйир ёфта, мукаммал гардидааст.
Пажуҳишҳое, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон дар кишвар дар партави тасмимҳои
Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ сурат гирифтаанд, нишон медиҳанд, ки
давлат ба сифати дастгоҳи идоракунанда талош дорад вобаста ба талаботҳои
иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии насли ҷавон ташаббусҳои марбутаро амалӣ
созад. Дар меҳвари муҳтавои кулли ташаббусу тасмимҳои сиёсати давлатии ҷавонон
– чи дар тартибу муқаррар кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва чи чорабиниҳои
амалӣ лозим аст, ки манфиатҳои миллӣ дар фаъолияти ҷавонон ҳифз ва гиромӣ дошта
шаванд. Ин нукта дар тамоми таҳқиқоти илмию публитсистӣ ишора шуда, чун хулосаи
бебаҳс қабул гардидааст.
Ҷавонони Тоҷикистони
имрӯз моҳияти Истиқлоли давлатиро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва
забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром мегузоранд ва аз он ифтихор
мекунанд. Дар ин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани
азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем. Тарбия намудани эҳсоси ватандӯстӣ
дар ҷавонон ва омодабошӣ барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми кишвар аз
авлавиятҳои маҳсуб меёбад, ки механизмҳои он дар шароити феълӣ бояд ҳатман
бознигарӣ гардад. Ҷавонон барои дифои ҳар ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ ва ба ин
васила, мусоидат дар таъмини амнияти сокинони мамлакат чун имрӯзу ҳамеша омода
бошанд.
Ҷавонон дар дурнамои
сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта,
парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона,
зӯроварӣ, фаҳшу таҳқир, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон,
коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавиро қабул надоранд. Корбарии бештар
дар ин самт муҳим ва муассир мебошад. Барои ин шинохтан аз мероси гузаштаи
маънавӣ ва шахсиятҳои барӯманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи хеш
аз манфиат холӣ нест, аммо муҷаҳҳаз шудан бо донишҳои замонавӣ низ нақши бағоят
бузург дорад.
Пешвои муаззами миллат
дуруст мегӯянд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии амалҳои ношоиста ва
қонуншиканиҳо, инчунин аз ҷониби ҷавонон ба таври зарурӣ ҳифз гардидани
ҳуқуқҳои конститутсиониашон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо
мебошад.
Дар шароити муосири
Тоҷикистон бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии
замонавӣ ва забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта умуман
имконнопазир аст. Тавре медонем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар
шаҳрванд озодии дин ва виҷдонро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, давлат ва
ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши илмҳои диниву мазҳабиро инкор накарда, тибқи ниёзи
ҷомеа ва ба тариқи расмӣ танзиму ташкил кардани онро аз вазифаҳои муҳими хеш
медонад.
Дар доираи фаъолияти
худ ва татбиқи сиёсати идеологӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ
ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти
номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон мо бояд тадбирҳои
мушаххасро рӯйи кор оварда, бо ҷалби мустақими буҷети давлатӣ ва
маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ барои ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам меорем.
Зарур аст, ки
заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳарбии мудофиавӣ,
идеологӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон такмил дода шуда, ҷиҳати рушди
фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои боз ҳам мусоид
фароҳам оварда шаванд.
Мо бояд кӯшиш намоем,
ки ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ намуда, саҳми
назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намоем. Ҷоннок
намудани фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавонон дар шароити мураккаби муосир,
густариш бахшидани принсипи “аз ҳамсол ба ҳамсол”, вокуниши саривақтӣ ба маводи
муғризона дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини иҷтимоии ҷавонон ва ҳифзи
ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мусоидат дар иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти
сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа вазифаи ҳамаи мо мебошад.
Аз контексти сиёсати
давлатии ҷавонон бармеояд, ки мавқеи давлат ба ҳаёти ҷавонон ва неруи ҷисмониву
ақлонии онҳо дар асоси принсипҳои волои башарӣ ва шаҳрвандӣ муайян шудааст.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар заминаи сиёсати ҷавонон далели онанд, ки сиёсати
давлатӣ дар ин соҳа муваффақ аст.
Рӯзи ҷавонон муборак,
ҷавонони хушбахти даврон! Зӯри мушт дар ваҳдати панҷ ангушт!
Илҳомҷон Ҳамидиён,
номзади илми
филология,
дотсенти факултаи
журналистикаи ДМТ