Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - тарғибгари Ваҳдати миллӣ

2023-05-16

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва паси сар намудани ҷанги шаҳрвандиву фазои низоӣ, масъалаи ташкили ҳизбҳои сиёсӣ ва системаи бисёрҳизбиро роҳандозӣ намуд, ки дар ин раванди муташшаниҷи сиёсию иҷтимоӣ дар ҷомеа фаҳми аслии ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надошт ва он марҳила ба марҳила инкишоф ёфта, тасаввуроти муосирро дар шуури ҷамъиятӣ ба миён овард.

Барои ҳама бошандагони кишвар дарки дурусти ҳизб ва махсусан ҳизби сиёсӣ лозим буд, ки моҳиятан мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятие фаҳмида шавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин, ба амал баровардани ҳокимият ба намояндагони худ, ки асоси мавҷудияти ҳизб ифода гардад. Аммо баръакс дар ин вазъияти сиёсии думболадори таҳримӣ зеҳнияти ҳамагонро дар нисбати дарки ҳизб ва ҳизбгароӣ куллан дигаргуна намуда буданд.

Таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳанд, ки бо ташаккул ёфтани ҳизбу созмонҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ва оппозитсионӣ, ки дар дохили давлат фаъолият менамояд, агар дар чаҳорчубаи Конститутсия ва қонунҳо таъсис ёфта фаъолият намоянд, метавонанд ба пешрафти давлату ҷомеа мусоидат намоянд, зеро мавҷудияти чунин ҳизбу ҳаракатҳои созанда дар гузаронидани маъракаҳои сиёсӣ, интихоботҳо бараъло ҳис мегардад ва ин ниҳодҳои сиёсиро ташаккул ва инкишоф медиҳанд.

Дар ин айём, ки ҷомеа ба як буҳрони шадиди идеологӣ рӯ ба рӯ буд, ташкили неруи сиёсие барои бартараф намудани ин таҳдидҳо зарур ва саривақтӣ буд. Ин неруи сиёсӣ Ҳизби Халқии Тоҷикистон буд, ки барои таҳкиму тарғиби Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ 10 декабри соли 1994 ба майдони сиёсат омад.

Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе барпо шуда, номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. 18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардида, Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб намуданд. Шуруъ аз он даврон то ба имрӯз ҳадафҳои стратегии ҳизб аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи худ фаъолият менамояд.

 Мувофиқи оинномаи ҳизб: “Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад”. Фаъолияти ҳизби мазкур барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягонаву самти иҷтимоӣ дошта ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона карда шудааст.

Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикисотон аз даврони таъсис ёфтан ва қадам ниҳоданаш ба майдони сиёсат барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шудааст. Вазифаи ҳамаи аъзою ҷонибдорон, инчунин кормандони масъули ҳизб ин аст, ки ғояҳои давлатсозӣ ва давлатдориро тарғиб намуда, барои пешрафт ва рушди кишвари азизамон саҳм гузошта, бо меҳнати ҳалолу зиндагии бошарафона, намунаи ибрат барои дигарон бошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисотон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ба мафкураи одамон таъсири мусбат гузошт ва барои такомули шахсиятҳо ва шахсиятсозӣ хидмат карда истодааст. Ҳамасола дар тамоми ҷашну маросимҳо, идҳои милливу давлатӣ, дастгирии гуруҳҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз вазифаҳои асосии сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи он ба ҳисоб меравад.

Бо ташаббуси ҲХДТ тайи солҳои охир ҷиҳати тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ, ҳашарҳои умумӣ, ҷалб намудани сокинони кишвар, ки дар ҷараёни он роҳу кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо ва соҳилҳо тозаву озода карда мешавад, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ миёни ҷавонону фаъолони ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Яке аз омилҳои асосие, ки обрӯю нуфузи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистонро дар байни мардуми кишвар баланд бардоштааст, ин дуруст ва таъсирбахш ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебошад.

Маҳз садоқату самимияти хосса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари хайрхоҳона ба халқу миллат ва нияти поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сол ба сол аъзою ҷонибдорони ҳизб дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯ ба инкишоф аст. Чуноне, ки Раиси муаззами ҳизб дар баромадҳояшон қайд намудаанд: “Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад”.

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таҳкими Ваҳдати миллӣ воқеан саҳми арзанда ва назаррасеро анҷом дода истодааст.

Гадоева Рафоат,

мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе