Шукӯҳи Рӯзи оила дар шаҳри Ваҳдат

2023-05-16

Бо иқдоми кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, бахшида ба Рӯзи оила ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Дар оғоз раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ва мудири бахши САҲШ Шоира Шарифзода аҳли нишастро бо Рӯзи оила, самимона табрику муборакбод намуда, барояшон иқболи накӯ, саодати оилавӣ ва комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Дар идома зикр доштанд, ки бо гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Бояд ёдовар шуд, ки гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд.

Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд. Кофист, ки мо танҳо панду андарз ва таълимоти дидактикии адибони номвари гузаштаи худро мисол орем, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда, дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.

Сипас як оилаи намунавии шаҳри Ваҳдат, ки қариб панҷоҳ сол зиндагии орому осоишта дошта, фарзандони соҳибмаълумоту бомаърифат ва солеҳу солеҳа тарбия кардаанд, мурабии шоистаи соҳаи варзиш Исмоил Саидов ва Фотима Табароваро муаррифӣ карда, чун рамзи эҳтирому эътиқод туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрро тақдим намуданд.

Фотима Табарова назди ҳозирин аз сирру асрори оилаи намунавӣ, эҳтироми ҳамдигарии зану шавҳар ва хусуру хушдоману хешу ақрабо, тарбияи дурусти фарзанд ҳикоят карда, барои қадрдонӣ ба раиси шаҳр ва комиҷроияи ҳизбу бахши САҲШ аз номи аҳли оилаашон миннадорӣ изҳор кард.

Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, раиси коиҷроияи ҲХДТ Ислом Ҳайдарзода, собиқадори кори САҲШ Муслима Саъдуллозода ва мудири бахши САҲШ Шоира Шарифзода ба модарони 18 нафар кӯдаки навзод шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба 16 нафар духтарону писарони ноболиғи ятим бахшида ба Рӯзи оила туҳфаҳои арзишманд супорида, хотири онҳоро болида гардонданд.

Бо иштироки ҳунармандони бомаҳорати шуъбаи фарҳанги шаҳру тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо маросими қайди никоҳи ду оилаи нав бо як шукуҳу тантана гузаронда шуд. Шаҳодатномаи ақди никоҳи онҳоро раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода бо туҳфаҳо тақдим намуд.

Ба хотири гиромидошти ҳунарҳои миллӣ ва дигар осори ниёгон дар тантанаи Рӯзи оила либосҳои гуногуни миллии атласу адрас, чакану қӯроқӣ ва попурдӯзиро ба намоиш гузошта шудаанд.