Ифтихори ватандорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ
2023-05-15
Дар доираи нақшаи
фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи
славянии Россия ва Тоҷикистон ҷиҳати
тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии
шаҳрвандон”, ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил
шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ
доир гардид.
Дар вохӯрӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, директори Муассисаи давлатии
маркази барномаҳои байналмилалӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Одиназода
Рамазон, декани факултети идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Далер ва
устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қурбонзода Убайдулло зимни суханронӣ оид
ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил
шудан ба ҳаргуна ҳизбу
ҳаракатҳои тундгаро ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр дошт, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ алалхусус таҳдиди
хатарҳои замони муосир падидаҳои номатлуб чун терроризм ва экстремизм яке аз
проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи
динию дунявӣ ба доми фиреби худ
меафтонанд.
Сипас
Қодирзода Далер Сайфулло зимни маърузаи худ афзуд, ки мо бояд ватандӯсту
ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва
ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа
мебошад.
Дар
идома, Одиназода Рамазон ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда,
муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ,
таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян
менамояд.