Аксияи ҳизбӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи оила”

2023-05-15

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад.

Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар асоси ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Рисолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1993 инҷониб, ҳамасола санаи 15-уми май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии оила” ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии оила”, имрӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия дар Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳрии №2” аксияи табрикотӣ таҳти унвони "Армуғони оилавӣ" доир карда шуд.

Зимни баргузории аксияи мазкур, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо табибони таваллудхонаи мазкур ба модарону навзодоне, ки дар таваллудхона бистарӣ буданд, туҳфаҳои гуногун ва шириниҳо тақдим гардиданд.

Бояд зикр дошт, ки муносибатҳои нави маданӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ дар оила иҷрои фармудаҳои падару модарон ва ҳамчунин иҷрои хостаҳои фарзандон дар ҳадди зарурӣ: дар сатҳи фарҳангӣ, моддӣ ва маънавӣ, нисбати ватану миллати худ вафодор будан, худшинос ва ҳувияти миллӣ доштан, омӯзиши илму фарҳанг ва тамаддуни миллатамон ва дар баробари ин ошноӣ  ба дигар фарҳангу тамаддунҳо, дар пешрафту ташаккули кишварамон саҳмгузор будан, эҳтиромгузорӣ ба тамаддуну фарҳанги гузаштаву имрӯзаамон ва монанди инҳо аз тарбияву таълим вобастагӣ дорад.

Дар дунёи пешрафтаи муосир марому мақсади асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат ба таҳкими мақоми иҷтимоии оила, махсусан занон, ки вазифаи аввалини онҳо тарбияи насли имрӯзаву ояндаанд нигаронида шудааст.