Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст

2023-05-15

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бахшида ба Рӯзи оила чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст” баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наргис Муқимзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раиси шаҳр Наргис Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, намояндагони шуъбаву бахшҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, занону бонувони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар иштирок доштанд. 

Дар оғози чорабинии идона, нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои насли наврасу ҷавони шаҳри Бохтар дидан карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони асили даврони соҳибистиқлолӣ баҳои баланд доданд.

Маросими расмии бахшида ба Рӯзи оиларо бо сухани муқаддимавӣ Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, иштирокдорон ва ҳамчунин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Дар идома қайд дошт, ки оила муҳимтарин ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар заминаи муҳаббату вафодорӣ ва эътимоду садоқати зану мард бунёд гардида, онҳо бо ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ба якдигар дар пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои муштарак саҳми баробар мегузоранд. Бо шарофати бунёди оилаи солим инсон дар зиндагӣ хушбахту саодатёр гардида, дар муҳити солиму осоишта фарзандони солеҳро тарбия ва ба воя мерасонад. Маҳз наслҳои хонаводаҳои бофарҳангу маданӣ, ки падару модарони онҳо ба тарбияи фарзанд дар руҳияи арзишҳои муқаддас муваффақ гардидаанд, дар оянда ба халқу меҳани худ хизмати арзанда хоҳанд намуд.  

Бо назардошти нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат, Роҳбарияти Олии мамлакат бунёди оилаву ҷомеаи солимро аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯз дониста, барои ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин Наргис Муқимзода, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба мафҳуми оилаву оиладорӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1994 инҷониб, ҳамасола, санаи 15 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба хотири рушди оила таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тадбирҳои муҳимму созандаро амалӣ намудааст.

Бо назардошти равандҳои замони муосир ва тақозои ташаккули ҷомеаи солим ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид. Дар воқеъ, заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат - таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад. 

Дар идомаи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи оила як зумра оилаҳои намунавӣ аз шаҳри Бохтар бо туҳфаҳои молиявӣ, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба як ҷуфт навхонадорону ду навзод туҳфаҳои молиявӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Дар анҷоми маросими идона, ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи рангини идона хотири тамошобинонро шод гардониданд.