Пешбурди тарзи ҳаёти солим

2023-05-13

Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2023, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ҷиҳати ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, мукаммалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатиро роҳандозӣ намудааст.

 Дар ин асос, 13-уми майи соли равон бо иштироки кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ноҳияҳои он, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан", ҷиҳати ҳифзу беҳдошти саломатӣ ва оммавияти варзиш дар "Боғи Ғалаба" - и пойтахт машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Пешбурди тарзи ҳаёти солим" баргузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа дода, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ки самти муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, солҳои охир дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайвастанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонун «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ», давра ба давра қабулу амалигардонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», қабули санадҳои зиёд бобати ҳавасмандгардонии Варзишгарон, барои мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар рӯзи шанбе чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷиҳати солимии ҷисмонӣ доир карда мешавад, ки дар он ҳизбиёни пойтахт иштироки фаъол менамоянд.