Сутуни асосии оилаи солим якдигарфаҳмист

2023-05-13

Шуруъ аз соли 1993 бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ ҷашнгирии Рӯзи оила ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин лиҳоз ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 – май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, асоси зиндагии мо аз оилаву оиладорӣ оғоз меёбад. Оила чун ҷавҳари ҷомеа дар ҳама давру замон мақому манзалати хосаеро соҳиб аст.

Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва бонувони фаъоли ҳизб озмуни “Кадбонуи беҳтарин” таҳти унвони “Мактаби хушдоман ва фарҳанги оиладорӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи занони кумиҷроияи вилоятӣ Азиза Мирзохоҷаева, собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок ва баромад карда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи оила табрик карданд.

Бояд зикр намуд, ки озмун аз рӯйи 4 шарт: омода намудани хурриш аз сабзавотҳо, тайёр намудани кулчақанд ё ширинӣ, ороиши меваҳо ва муаррифии дастархони миллӣ баргузор гардида, дар он 9 даста аз Кумитаҳои иҷрояи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи холгузории аъзоҳои ҳакамон озмун ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд. Ҷойи аввал насиби Кумитаи иҷроии ибтидоии “Муҳаммад Осимӣ” дар назди Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, ҷойи дуюм насиби ташкилоти ибтидоии “Ҳунар” дар назди Литсейи касбӣ – хизматии ФДБССТ дар вилояти Суғд ва ҷои сеюм насиби ташкилоти ибтидоии “Ирфон” дар назди Мактаби хусусии Ирфон гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаи кумиҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуда, ҳамчунин дигар иштирокчиён низ барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Беҳуда нест, ки соли 2015 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли оила” эълон гардида, дар ин радиф бисёр корҳо ба сомон расиданд. Дар ҳақиқат ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.

Шариати мо ҳам дар ин маврид ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст. Танҳо пас аз иҷрои ин амалҳо ҳам мард ва ҳам зан метавонад дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории озмуни мазкур дар он аст, ки имрӯз бояд наварӯсон аз мактаби бузурги хушдомани худ дарси ибрат гирифта, баҳри пойдории оила ва таълиму тарбияи фарзандони худ хушдоман ва дигар аъзоёни оилаи худро эҳтиром кунанд, зеро муҳаббату ғамхорӣ, меҳнатдустӣ, муносибат бо дигаронро кӯдак маҳз дар оила меомӯзад. Бинобарин, оилаҳои дар асоси муҳаббати ҳақиқӣ, иззату эҳтиром барпогардида, фарзандони солимро тарбия менамоянд.