ПОЙДОРИИ ОИЛА САРЧАШМАИ УСТУВОРИИ ҶОМЕА

2023-05-12

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15 май таҷлил мегардад. Оила дар фарҳанги куҳанбунёди мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодрӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 “Соли оила” эълон намуда буданд.

Дар робита ба ин, дирӯз, 11.05.2023 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия бахшида ба “Рӯзи оила” дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Пойдории оила сарчашмаи устувории ҷомеа”, баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Насим – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Абдулмаҳинзода Заррина - муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонова Ширин – раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, вакилони мардумӣ, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони воситаи ахбори омма ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ иштирок намуданд.  

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, масъалаҳои баррасишаванда, иштирокчиён ва маърӯзачиён муаррифӣ карда шуданд.  

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввари мазкур намоиши филми кӯтоҳи тарбиявӣ оид ба миён омадани нофаҳмиҳо дар оила, сар задани хушунатҳои оилавӣ ва таъсири он ба ҳолати равонии кӯдакон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Мазмуни намоиш аз он дарак медод, ки баъзан аз бемаърифатии навхонадорон, ки бо сабабҳои ночиз бо ҳамдигар муноқишаву хархаша мекунанд ба ҷудошавии оилаҳо ва оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Дар раванди баргузории чорабинии мазкур, маърӯзачиён ҳар яке оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ба касбу ҳунар фаро гирифтани ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд. Дар суханрониҳо зикр гардид, ки ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. 

Дар музокира Юсуфзода Файзигул – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ба сухан баромада, атрофи намоиши кӯтоҳи филми тарбиявӣ ва муҳтавои маърузаи баромадкунандагон фикру андешаҳои худро баён намуд. 

Дар фарҷом, аз ҷониби меҳмонон ва намояндаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур ба ду нафар кӯдакон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои тавваллуд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.