Мароми ҲХДТ созандагист

2023-05-12

Дар суханронии худ дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи 30 ноябри соли 2022 доир гардид, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки “Ҳизби мо ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Мардуми кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қаpop дорад. Аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бештар фаъол бошанд, то эътиқоду эътимоди аҳолӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам устувор гардад”. Илова бар ин, хотирнишон сохтанд, ки “Мардуми кишвар бояд аз талошҳои ҳизб барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ огоҳии комил дошта бошанд. Ҳимоя кардан ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо дар доираи ҳадафҳои созандаи ҳизб мебошад”.

Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум ҳиссаи сазовор мегузорад.

Яке аз омилҳои муҳими пешрафти кори ҳизбӣ, ки ба густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон воқеанҳам, мусоидати амалӣ менамояд, ин тақвияти фаъолият ва таъмини фаъолнокии вакилони ҳизбӣ дар мақомоти маҳаллии намояндагии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода 97,5%-и вакилон намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мутобиқ ба Оинномаи ҲХДТ (банди 5, зербанди 5.1) бо ҷалби ҳамаи онҳо гурӯҳи вакилони ҳизбӣ низ таъсис дода шудааст. Бинобар ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода кӯшиш менамояд, ки ба пешрафт ва самаранокии фаъолияти вакилон мусоидат намояд. Вакилон оид ба ҳаёти ҳизбӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти вакилӣ мунтазам бо маводи омӯзишӣ-дастурӣ таъмин карда мешаванд. Масалан, барои ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, Ёддошти вакилӣ дар шакли рисола таҳия, чоп ва дастрас карда шуд. Он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» таҳия гардидааст.

Ёддошт аз овардани матни пурраи Савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ, ки моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» муқаррар намудааст, оғоз меёбад. Зеро вакили Маҷлиси вакилони халқ баъд аз тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ чунин савганд ёд мекунад:

“Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ (шаҳрӣ, ноҳияи) бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям”.

Дар маводи омӯзишӣ оид ба таркиби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат мебошад, Маҷлиси вакилони халқва шакли асосии фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки он иҷлосия мебошад, дар бораи кӣ будани вакили халқ ва кафолати фаъолияти вакилии ӯ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ, дархости вакил ва тартиби пешниҳоди он тавзеҳоти васеи дахлдор баён шудааст.

Ҳамзамон хотирнишон карда шудааст, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифу эродҳои дар иҷлосия пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равон карда шудаанд, уҳдадоранд онҳоро дар давоми як моҳ баррасӣ намуда, аз натиҷааш бевосита ба вакил, инчунин ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор хабар диҳанд.

Ҳамаи ин таъкидҳо барои он зарур дониста шуд, ки қисми асосии вакилони халқ намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода мебошанд ва уҳдадор ҳастанд, ки дар фаъолияти серҷабҳаи вакилӣ (намояндагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ ва робитаҳои ҳизбӣ) фаъолона иштирок намоянд (зербанди 5.6 Оинномаи ҲХДТ).

Биноан, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ интизор аст, ки фаъолияти вакилии онҳо аз рӯйи принсипҳои қонунан муайянгашта ба амал бароварда шавад. Аз ҷумла:риояи қонуният ва адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ дар фаъолияти вакилӣ,ба таври демократӣ, ошкоро ва бо назардошти гуногунандешӣ ҳал намудани масъалаҳои ҳавзаи интихоботӣ,масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ, пеш аз ҳама интихобкунандагон, иҷрои барномаи пешазинтихоботии вакил; изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, сафарбарии аҳолии ҳавзаи инитихоботӣ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода; иштирок дар кори комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода,мусоидат ҷиҳати ба амал баровардани ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ва иштирок баҳри татбиқи пурра ва саривақтии қарорҳои он.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ, аз ҷумла такя ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода якчанд комиссияҳои доимӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро ба роҳ мондааст, ки яке аз онҳо комиссияи доимӣ оид ба одоби вакилон мебошад ва роҳбарии он бар дӯши раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, вакили халқ Нурулло Ҳабибуллозода Ҳабибулло вогузошта шудааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар гаштани фаъолияти вакилон, Комиссияи доимии одоб дар иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 28-уми сентябри соли 2022 пешниҳод намуд, ки аз усул ва методологияи муосири баҳогузорӣ (аз ҷумла, аз механизми сайқалёфтаи татбиқи рейтинги ҳизбӣ) истифода бурда шавад ва барои ин рейтинги вакилӣ ҷорӣ карда шавад.

Таклиф аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода дастгирӣ ёфт ва ҳамзамон қарори дахлдори Маҷлис низ ба имзо расид, ки алҳол дар ҷараёни иҷро мебошад. Дар асоси муҳокимарониҳо чунин хулоса бароварда шуд, ки нишондиҳандаҳои рейтинги вакилӣ чунин амалҳоро бояд дарбар гирад: 1.Такмили дониши сиёсӣ-ҳуқуқӣ. 2. Сатҳи иҷрои уҳдадориҳои вакилӣ. Ҳаракат барои пешсафӣ ва нишон додани хислатҳои фаъолнокӣ. 3. Инобати дархост, назар ва пешниҳоди интихобкунандагон, кор бо онҳо ва натиҷаҳои бадастомада. 4. Ҳисоботи вакилӣ дар ҳавзаи интихоботӣ. 5. Ташаббусҳои вакилӣ. Ташкили корҳои ободонӣ дар маҳал. 6. Изҳори мавқеъ ва чопи мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ. 7. Риояи одоби вакилӣ ва Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода. 8. Сатҳи фаъолнокӣ дар татбиқи амалии қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода. 9. Фаъолият дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии муҳтоҷону ниёзмандон.10. Нуфуз ва обрӯи вакил дар ҳавзаи интихоботӣ.

26 декабри соли 2022 иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, даъвати шашум баргузор гашт. Дар он аз ҷониби вакили ҳизбӣ оид ба тақвияти фаъолияти вакилони мақомоти намояндагии маҳаллӣ якчанд пешниҳодот барои баррасӣ ба миён гузошта шуд.

Пеш аз ибрози пешниҳод баъзе нуктаҳои дастурҳои нави Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин ёдрас карда шуд. Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки «Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои 13-ум ва 14-ум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дарбар мегиранд, мушаххас гардидаанд».

Таваҷҷуҳи вакилон дар ин ҷо махсус ба ибораи «то соли 2027» ҷалб гардид, ки он чиро ифода мекунад ё ба чӣ ишора аст? Шарҳ дода шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи то соли 2027-ро дарбар мегирад. Яъне, сухан дар бораи Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат рафта истодааст ва вакилони халқ бояд дар доираи ваколати худ вазъи иҷрои ин Барномаро дар сатҳи маҳал таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Бинобар ин, пешниҳод гардид, ки як комиссияи корӣ ва ҳамоҳангсозанда таъсис дода шавад ва рафти иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру деҳоти Турсунзода мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва хулосабарорӣ қарор гирад, то ки камбуд ва норасоиҳои эҳтимолӣ саривақт бартараф карда шаванд.

Инчунин, дар идомаи суханронӣ Раиси муаззами ҳизб қайд кардаанд, ки ба фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ тақвият бахшида шавад. Аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эрод гирифта шуд, ки на ҳамаи вакилони халқ, ки аъзои ҳизби мо мебошанд, дар корҳои таблиғотӣ иштироки фаъолона доранд. Таъкид намуданд, ки фаъолият ва саҳми ҳарчи бештари аъзои гурӯҳи вакилӣ дар ин кори муҳими таблиғотӣ таъмин карда шавад.

Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки дар телевизиони маҳаллии «Регар» ҳар моҳ ду маротиба дар вақти муайян соати вакилӣ ташкил карда шавад ва вакилон бо навбат баромад намоянд.

Ҳар ду пешниҳоди вакили ҳизбӣ пазируфта шуд ва оид ба татбиқи он қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ба имзо расиданд.

Боварӣ дорем, ки ин усулҳои муосир ба кори гурӯҳи ҳизбии вакилон ва фаъолнокии сиёсӣ-иҷтимоии ҳар як вакили ҳизбӣ тақвият ва беҳбудӣ мебахшад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода омодааст, ки дар иҷрои вазифаи пуршарафи вакилӣ ба онҳо мунтазам кумакҳои дастурӣ-методӣ ва машваратӣ-ҳуқуқӣ расонад.

Умеда Неъматуллоева,

муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри

Турсунзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода