Суннатҳои оиладории миллати куҳанбунёд
2023-05-11
Оила ва суннатҳои
оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати
куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву
таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола
пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории
тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли
ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва
инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне,
ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу рисолати худро дошта, дар ин мавзӯъ
гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузоштаанд.
Кофист, ки мо танҳо панду андарз ва таълимоти дидактикии адибони номвари
гузаштаи худро мисол орем, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда,
дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.
Дар “Қобуснома”- и Унсурулмаолии
Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз
хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн, ки асоси бунёди оила ҳастанд, сухан
меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон” - и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое
алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ
ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадаанд, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, барои
бунёди ҷомеа ва оилаҳои солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ” -
и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонист, ки таълимоти
ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст.
Ва ин таълимоти
баланди инсонпарваронаи гузаштагони мо дар ҷаҳон, хусусан дар Аврупо бо номи
Ритсарство машҳур ва паҳн гаштааст, ки намунаи барҷастаи одоби ҷавонмардӣ
гардида, онҳое, ки ба ин ирқа, яъне ҷавонмардон мансуб шудаанд, худро аз
табақаи баланду поксиришти ҷомеа мешинохтанд. Метавон гуфт, дар илму адаби
классикии мо адибе нест, ки саҳме дар бунёди таълимоти тарбиявӣ, ки ҳадафаш
бунёди ҷомеа ва хонаводаҳои солим аст, нагузошта бошад. Ин маърифат дар таърихи
илм ва фарҳанги миллии гузаштагони мо то ҷое расидааст, ки ҳатто ишқ, ки мо
имрӯз дар ин истилоҳ мутаассифона, танҳо як падидаи сабуки нафсониву шаҳвониро
мефаҳмем, ба мафҳум ва меъёри баланди фалсафӣ ва инсоншиносӣ табдил ёфтааст.
Аммо имрӯз то куҷо мо
аз ин таълимот истифода мебарем ва чӣ бардоштҳои муфид аз он кардаем, ки дар
кори таълиму тарбияи насли наврас ва муҳити солими оилаҳо таъсири нек дошта
бошанд.
Банда дар мақолаи
дигар бахшида ба ақди никоҳ оид ба масъалаҳи муҳими имрӯзи оиладорӣ ибрози
андеша карда будем. Далелҳое, ки дар боло овардем, яъне пошхӯрии теъдоди хеле
зиёди оилаҳои ҷавон имрӯз бояд мо ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандии моро ба андеша
андозанд. Оё зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо маҳсули издивоҷҳои беандешаву саросема
ва ҳосили бемасъулиятии падару модарон дар мавриди интихоби ҳамсар аз ҷониби
фарзандон нест. Чунки ҷавонон он таҷрибаи кофиро надоранд, ки дар ин ҷода қадамҳои
бехато гузоранд. Пас воқеан дар ин маврид масъулияти падару модар ва ҷомеа
нақши тақдирсоз мебозанд. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи
фарзанд” ва андешидани тадбирҳои махсуси дигар иқдоми бисёр бамаврид ва
саривақтист, аммо муҳимтар аз он, риоя ва амалӣ сохтани ин қонун мебошад.
Баррасӣ ва таҳқиқи
солимонаи ин мавзӯи хеле ҷиддии ҷомеаи имрӯзии мо, пеш аз ҳама, вазифаи
ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони рӯз аст. Аммо гузориши мо дар пешниҳоди масъалаи
мазкур ва ёдовар шудан аз паҳлуҳои гуногуни он барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа
беаҳамият нахоҳад буд, зеро солимии оила, нигоҳ доштани суннатҳои наҷиби
оиладорӣ, пеш аз ҳама, аз худи мо вобастагӣ дорад.
Саидмусалламова Чамангул,
мудири шуъбаи ташкилӣ
ва кор
бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар
ВМКБ