Ватандустӣ ҳамчун омили таҳкими истиқлоли миллӣ

2023-05-11

Дар асоси нақшаи доир намудани омўзишҳои идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Ватандустӣ ҳамчун омили таҳкими истиқлоли миллӣ» донишманди тоҷик, сиёсатшинос, адиб Абдуллои Раҳнамо суҳбат намуданд.

Дар оғоз мавсуф зикр намуд, ки мардуми тоҷик аз халқҳои тамаддунсози ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар таърихи башарият нақши муҳимми маданӣ доранд ва аз ин нақши тамаддунсоз тамоми халқҳои минтақа низ баҳраманд шудаанд. Истиқлол ба саҳифаҳои торику фаромўшгаштаи таърих миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони  бедордилу фидоӣ рўҳу мадор бахшид.

Хеле бамаврид ёдовар шуданд, ки мо бояд ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рўҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй оварем.

Масъалаи умумии бавуҷудоии миллати тоҷик, раванди давлатдории тоҷикон ва саҳми аҷдодони мо дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни қабоили ҳамҷавори мо дас асоси сарчашмаҳои муътамад ва мадорики бостони исбот намудааст, ки аҷдодони мо дар гузаштаи таърих ҳамчун бунёдгузорони фарҳанг ва тамаддун баромад намуда, дар ривоҷу равнақ додани он дар минтақа саҳми арзанда доштанд.

Таҳкими аркону пояҳои давлатдорӣ дар шароити пуртазод ва мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳаммияти торафт ҷиддӣ пайдо мекунад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имонии ҳар кадоми мост, ки бо зиракии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, худшиносию худогоҳӣ, омӯхтани таърихи гузаштаи хеш, як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш насозем. Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум, алалхусус, насли ҷавони кишвар мебошад.

Дар интиҳо зикр гардид, ки имрўз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон умедвор месозанд. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳрикбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд, пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд.