Ба ёди рафта фарзандони қаҳрамон

2023-05-11

Таърихи инсоният ба мисли ҶБВ-и солҳои 1941-1945 давраи тӯлонӣ, миқёсан калон, бераҳмона ва мудҳишро ёд надорад. Чуноне, ки устод Лоҳутӣ гуфтааст:

Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,

Ҷанги хунину бераҳмона буд.

22-юми июни соли 1941 чӣ рӯзи мудҳише ба сари халқи Шӯравӣ омад, ба сари халқи кишвари ҷавоне, ки ҳамагӣ 19 сол арзи вуҷуд дошт. Ба ин мамлакати ҷавон, ки аз 15 ҷумҳурӣ ташкил ёфта, Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ (СССР) ном гирифта буд, Германияи фашистӣ шартномаи соли 1939 бастаро вайрон карда, бе эълони ҷанг аҳдшиканона ҳуҷум кард.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Даҳшати вазнине ба сари мардум омад. Ин ҷанг қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд. Беш аз 72 давлати хурду бузург ба гирдоби он кашида шуд. Аз ин рӯ, онро Ҷанги дуюми ҷаҳон низ меноманд.

Он замон Германияи фашистӣ аз лиҳози таъминот бо техникаи ҳарбӣ пурқувваттарин давлат ба шумор мерафт. Гитлер дар рӯзи нахустини ҳуҷумаш ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ 190 дивизия, зиёда аз 4 ҳазор танк, 47 ҳазор яроқи вазнин, 5 ҳазор ҳавопаймо ва 200 киштиро сафарбар карда буд. Ин рақамҳо худ аз иқтидори бузурги ҳарбии Германия дар он замон дарак медоданд. Гитлер ба боварии том изҳор дошта буд, ки рӯзи 7-ноябр, дар рӯзи ҷашни солгарди Инқилоби Октябр дар Майдони Сурхи шаҳри Москва ба ҷои Армияи Советӣ аскарони Германия паради ҳарбӣ мегузаронанд.

Воқеан ҳам, вазъияти Иттиҳоди Шӯравӣ чандон хуб набуд. То замони ҳуҷум ба Иттиҳоди Шӯравӣ Германияи фашистӣ 12 давлати аврупоӣ - Австралия, Чехословакия, Албания, Полша, Дания, Норвегия, Белгия, Голландия, Люсембург, Франсия, Югославия ва Юнонро таҳти тасарруфи худ дароварда буд. Франсия барин як давлати пурзӯр ҳамагӣ дар давоми чилу чор рӯз ҷангро бохт. Аз ҷониби дигар, Япония, ки қисмати зиёди минтақаҳои хитойро ғасб карда буд, аз Шарқи Дур ба муқобили Иттифоқи Советӣ омодагии ҷангӣ мегирифт.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд.

Аз собиқ вилояти Ғарм 6 ҳазор сарбоз ба фронтҳои ин ҷанги хонумонсӯз даъват шуда, ба муқобили фашизм мардонавор ҷангиданд. Мутаассифона имрӯз аз он фидоиёни роҳи озодӣ дар ноҳия ягон нафарашон дар қайди ҳаёт намондааст. Вале пайраҳаҳои тайнамудаи ҷангии ин ҷанговарони шуҳратёр, ки аз майдонҳои ҷанг бо захмҳои сӯзон баргашта, то охири умр дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия корҳои шоёнро ба анҷом расонданд, барои насли имрӯзу фардои кишварамон намунаи ибрат аст. Ва ин ҳама насли ҷавони имрӯзаро водор месозад, ки баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ва музаффариятҳои бадастовардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода бошанд.

Табиист, ки Ватан он фарзандонашро, ки дар роҳи ҳифзи шарафу номуси халқаш ҷоннисорӣ кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, номи онҳо, хизмату ҷонфидоии онҳоро то абад нигоҳ медорад. Зеро онҳо барои пойдории Ватан, ҳифзи амнияту осоиши он сина сипар кардаанд. Аммо наслҳои баъдиро, ки ҳоло он ҷанги шум ва серталафотро чун афсона аз саҳафоти китобҳои таърих мехонанд, зарур аст, ки ҳар лаҳза ба қадри хоки поки Ватан бирасанд, нагузоранд, ки душман аз ғафлати онҳо истифода барад.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам қайд намоям, ки ҳанӯз дар бораи корномаи ҷангии бисёр ҳамдиёронамон маълумотҳои кофӣ надорем.

Яке аз ҳамин диловарон Фахриддин Аминов зодаи деҳаи Навдии ноҳия буда, дар фронтҳои ҷанг корнамоиҳои бемисл нишон додааст. Дар ин бора хотираҳои дӯст ва ҳамяроқи ҷангияш Мирзо Бобоҷонов, ки дар асарҳои мунтахаби устод Сотим Улуғзода гирд оварда шудаанд, бозгӯянд.

Дар ҷангҳои канори Висла армияи 5-уми гвардиягӣ корнамоӣ кард, - гуфта буд Маршали Иттифоқи Советӣ В. Д. Секоловский, ки сардори штаби фронт буд. - Ба чӣ гуна маҳорат ва шуҷоат ҷангидани полкҳо ва дивизияҳои армияи 5-уми гвардиягии генерал-лейтинант А. С. Жадовро мо дар мисоли ду нафар ҷанговари тоҷики ин армия - сержантҳои калон Мирзо Бобоҷонов ва Фахриддин Аминов дида метавонем:

Дар як ҳамлаи ҷавобии немисҳо бо ҳамроҳии “паланг”-ҳои оддӣ чандто “шоҳ-паланг” ҳам бояд иштирок мекард. Ҳар навъ карда, лоақал як шоҳ-паланг”-ро зада аз кор баровардан лозим, то ҷанговарони мо бо чашмони худ бинанд ва қаноат ҳосил кунанд, ки ин танк то он дараҷае, ки душмани худписанд лоф мезанад, даҳшатнок нест ва шикастпазир аст...

Танкҳо аз наздикии камингоҳи Фахриддин Аминов мегузаштанд. Акнун вақти танкзании ӯ расида буд, аммо аз вай ҳаракате сар намезад. Ба ӯ чӣ шуд? Балки маҷрӯҳ ё ҳалок шуда бошад?

Ин хаёл дар сари Мирзо ва рафиқонаш нав пайдо шуда буд, ки онҳо Фахриддинро диданд: вай хез зада баромада ҷуфти гранатаро ба зери “шоҳ-паланг” ҳаво дод ва ба камингоҳаш пас хазид. “Шоҳ-паланг” дар ҷояш чархе заду истод. Сарпӯши он боло шуд: аз афти кор механик фуромада диданӣ буд, ки сабаби қарор гирифтани танк чист. Дар ҳамин лаҳза Фахриддин боз пайдо шуд ва ҷаҳида ба болои танк баромаду пайи ҳамдигар ду “лиму” (гранати пурқувват ва пурзарб)-ро бо шиддати тамом ба даруни он зад ва худашро ба замин партофта, мисли калтакалоси рамида сӯи камингоҳаш хазид. Ин ҳама ҳаракат дар лаҳзаи се-чор нафас кашидан ба вуқӯъ пайваст. Садои таркиш баланд шуд, аз даруни танк дуди сиёҳе фаввора ва оташе забона зад.

“Шоҳ-паланг” маҳв шуд. Баҳодури советӣ дар ҷанги тан ба тан ба ӯ ғолиб баромада, ҳамзамон ҳашт гитлерчиро кушт.

Аз байн чанд рӯз гузашт, шуъбаи сиёсии армияи 5-уми гвардиягӣ дар бораи корнамоии Ф. Аминов варақае чоп кард, ки он бо ин суханҳо тамом мешуд: “Ватан бо номҳои қаҳрамононе, ки шуҷоат ва маҳораташон маргро мағлуб мекунад, то абад тасанно хоҳад хонд! Шаъну шараф бод ба қаҳрамон - сержанти калон Аминов!”

Ба қавли инструктори собиқи шуъбаи сиёсии армияи 5-уми гвардиягӣ В. Шутой Ф. Аминов 21 январи соли 1945 дар амалиётҳои қушунҳои советӣ барои озод кардани Полша ҳалок гардида, дар қабристони ҷанговарони советӣ дар шаҳри Ченстохов гӯронда шудааст.

Баъд аз ҷанг фармондеҳии қисме, ки Фахриддин дар он хизмат мекард, ордену медалҳо ва ҳуҷҷатҳои шахсии ӯро ба Ғарм барои хешони ӯ фиристоданд. Аммо ин ёдгориҳои ҷанговари номдор дар заминҷунбии соли 1949 дар таҳи хок монда нобуд шудаанд.

Чархи таърихро ба қафо гардондан имкон надоранд. Солҳо мегузаранд, бо мурури замон одамон низ пайи ҳам ин ҷаҳонро падруд мегӯянд. Баъзан, онҳо хотираҳоро низ ҳамроҳ мебаранд.

Зиндаю ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ривоҷиддин Тоҷиддин,

собиқадори ҲХДТ аз ноҳияи Рашт