Ҳафтаи поси хотир бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” дар ҶБВ
2023-05-06
Дар
таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва бузургии онҳо
боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири
ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд
ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор
ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Он
барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар
асоси нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон аз 1 май то имрўз дар кулли шаҳру ноҳияҳои мамлакат
бахшида ба 78-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм, таҳти
унвони “Полки абадӣ” чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст.
Пос
ва гиромӣ доштани Қаҳрамонон рисолат ва вазифаи фарзандии ҳар фарди огоҳу
бедордили ҷомеа мебошад.
Субҳи
имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ
Абдуҷаббор, дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 78-умин солгарди ғалаба дар
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ, маросими
гулчанбаргузорӣ доир гардид.
Нахуст,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор дар
назди лавҳа ва гулхани абадии хотиравӣ гулчамбар гузошта, хотираи неки афсарону
сарбозон, ки барои таъмини амният, сулҳу суботи ин марзу бум ва ҳаёти осоиштаи
мардум ҷоннисорӣ кардаанд, бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.
Зимни
суҳбат муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр доштанд, ки Рӯзи
Ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати
хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург
дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо
ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Истиқболи арзандаи Рӯзи
ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ,
ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.
Ҷанги
Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи “фоҷиабортарин ҷангҳо” дар таърихи инсоният маҳсуб
меёбад. Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар
набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, зиёда аз 50
ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд. Қариб 60
нафари онҳо соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар сазовори ҳар
се дараҷаи ордени «Шараф» гардиданд. Аз ин шумор, 92 ҳазор нафари онҳо ба
хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд. Шуҷоату диловарии
мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии
ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда
мебошад.
Таҷлили
ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам
намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун
омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон
ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши
муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Дар
идома суҳбат аз таърихи ин ҷанги хонумонсуз ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар
амалиёти ҷанг, ки қариб чор сол давом кард ва бузургтарин задухурди мусаллаҳона
дар таърихи башарият гардид. Германияи фашистй 8 май соли 1945 дар соати 22 ва
43 дақиқа (соати 00:43, 9 май ба вақти Москва) дар атрофи Берлин акти таслими
бечунучаро имзо кард ва худи ҳамон рӯз соати 23:01 дақиқа он эътибор пайдо
кард.
9 май бо Фармони Президиуми
Совети Олии СССР "Рузи Ғалаба" бар Германияи фашистй ва эълон карда шуд.