Хотираи неки мардони шуҷоъ

2023-05-06

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеъонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кудаки хешу пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини хеш то имрӯз ҳамеша побарҷо буд ва то ҳол идома дорад. Инро ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд.

 Воқеан боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробарӣ фиристодани сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ба ҷумҳуриҳои иттиҳод балки барои тамоми сокинони сайёра бисёр судманд ба ҳисоб меравад. Зеро дар он замоне, ки фашизм дар ҳоли пешрафт буд тамоми миллатҳои сайёраро хатари аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ таҳдид мекард. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ бо ғалаба бар фашизм на танҳо марзу буми худро аз душман ҳифз намуд, балки дигар сокинони сайёраро низ аз гирифторӣ ба гирдоби фашизм эмин нигоҳ дошт.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқадт ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала Сарвари давлат хело бамаврид изҳор намудаанд: "9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад". Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи Ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат мебошад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин занону куҳансол ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Ошурмамадова Дилрабо,

муҳаррири идораи телевизион ва радиои

ВМКБ, аъзои ТИ “Садо ва симо”