Баргузории аксияи вилоятии ҳарбӣ –ватандӯстӣ таҳти унвони «Хизмати ин ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!»

2023-05-06

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон,  дар асоси нақшаи тасдиқ намудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баргузории  мулоқоту вохӯриҳо дар доираи Аксияи вилоятии ҳарбӣ –ватандӯстӣ  таҳти унвони «Хизмати ин Ватан  агар , ман накунам, кӣ мекунад?!» бо иштироки  Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил, мудири шуъбаи ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳриниссо,  раиси  собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Зоиров В, ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони  Ватан»бо сокинони ноҳияи Шаҳристон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, иштирокчиёни сохти конситутсионӣ, ҷавонони хизматнамуда, ҷавонони ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  номнависшуда  ва падару модарони онҳо доир гардид. Дар даромади Қасри фарҳанг аз тарафи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» намоиши ҳарбӣ-ватанпарварӣ доир шуд. 

Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳриниссо ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки ҷавонони соҳибистиқлол қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ва пайравони Пешвои миллатанд. Ҷавонон бояд дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тарғиби ҳар чӣ бештари худшиносиву худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа талош варзанд.

 Муовини раиси ноҳияи Шаҳристон зимни суханронӣ қайд намуд, ки имрӯзҳо ҷавонони ватанпарсту меҳандусти ноҳия бо сари баланд адои хизмат намуда истодаанд. Бояд ҳамаи ҷавонон сарҷамъона баҳри ҳимояи марзу буми кишвар омода бошанд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон, бобати тадбирандешӣ ва сари вақт омода будани ҷавонон ба хизмати Ватан – Модар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дар ташаббус ва иқдомҳои давлату ҳукумат дар сафи пеш қарор доштани ҷавонон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти мазкур бо мақсади тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва вусъати маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, инчунин даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.