Таҷлили рӯзи кормандони мақомоти андоз дар шаҳри Ҳисор
2023-05-05
Бахшида ба Рӯзи
кормандони мақомоти андоз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти
андоз" бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Ҳисор ва Ибодуллозода Алиҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии
"Нозироти андоз" ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро
Ибодуллозода Алиҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз"
ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас Изатуллои
Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҳамаи ҳозирин ва кулли
кормандони Нозироти андози шаҳри Ҳисорро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти
андози Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти
касбиашон муваффақият таманно
намуд..
Гуфта шуд, ки саҳми
кормандони Нозироти
андози шаҳри Ҳисор дар ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ назаррас аст.
Дар идома, Изатуллои Ҳабибзод оид ба дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ва маҷлиси
натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳри Ҳисор ироа гардиданд, ёдовар шуд.
Дар фаромад ба фаъолон
барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштироки
фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳо
Ибодуллозода Алиҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз"
зикр намуд, ки барои мо кормандони Нозироти андози шаҳри Ҳисор мояи ифтихор ва
сарафрозии зиёд аст, ки узвияти
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарафёб гардида, дар асоси дастуру
супоришҳои Роҳбарияти Олии Ҳизби
Халқии
Демократии
Тоҷикистон
кору фаъолият дорем.
Қайд гардид, ки бо
назардошти таваҷҷӯҳи бештари кормандони Нозироти андози шаҳри Ҳисор тасмим
гирифта шудааст, ки сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар
ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нозироти андоз" афзун намоем.
Дар
ин радиф тазаккур дода шуд, ки андоз пояи давлат ба ҳисоб рафта, баргузор
намудани ин рӯзи хотирмон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат
медиҳад. Мавриди ба зикр аст, ки ин ниҳод, ҷиҳати таъмини нақшаи буҷет, рушди
иҷтимоиву иқтисодӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, вусъати корҳои ободонӣ ва
баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум кӯшиши беандоза ба харҷ медиҳад.