ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД…
2023-05-04
Соли ҷорӣ мардуми диёри мо дар баробари дигар халқҳои
собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз
бузургтарин санаҳои таърихӣ–78-умин солгарди Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги
Ватани бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи имрўза ва Истиқлоли давлатӣ таҷлил
менамоянд.
9-уми май
дар саҳифаи таърих ҳамчун рўзи пирўзии сулҳ бар ҷанг ва қувваҳои Хайр бар Шар
абадан нақш бастааст. Ин санаро мардуми соҳибмаърифати башар чун рўзи озодию
истиқлол таҷлил намуда, азизу муқаддас медоранд. Ин шаҳодати он аст, ки аз
Ғалабаи бузург бар фашизми истилогар даҳсолаҳо сипарӣ гаштааст, вале арзиш ва
шаҳомати корномаи беназири халқ дар қалбу хотираи наслҳо боз ҳам равшантар
мегардад.
Омўхтани таърихи ин ҷанги хонумонсўз ҳар фардро ба
ватандўстиву меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд, зеро корномаи иштирокчиёни ин ҷанги
даҳшатбор таҷассуми ҷасорат ва мардонагӣ буд. Дар ин маврид Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид
намудаанд: «…таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби захмӣ ва
пурҷароҳатест, ки ҳар сатраш бо ҳарфҳои хунин навишта шудааст».
То ба имрўз мардуми соҳибмаърифати олам Рўзи Ғалабаро
бо шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст» таҷлил менамоянд. Дар
ин шиор маънии пирўзиву ғалаба, ватандўстиву озодихоҳӣ, ҷасорату фидокорӣ,
ҷонбозиву марг, диловариву мардонагӣ, ростию адолат, сулҳу субот, пайки шодиву
поси хотири гузаштагон ифода ёфтааст. Аз ин рў, месазад, ки хотири
шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки оламро ҳимоя намуда, ҷони худро барои
озодии инсоният фидо намудаанд, ҳамеша пос дошт ва назди онҳо сари таъзим фуруд
овард.
Ин Ғалаба
аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо иттиҳоду ягонагии қавму миллатҳо ва ҳалқҳои
гуногун новобаста аз нажод, дин ва ҷаҳонбинӣ ба даст омадааст.
Фарзандони ҳалқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои
озодихоҳ дар ҳама муҳорибаҳои бузургтарини Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сарбаландона ва фидокорона
иштирок ва аз озодии башар
дифоъ намудаанд. Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадиди
озодихоҳона, аз ҷумла дар озод намудани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳои
бемислу монанд нишон дода, ҳалок ва ё беномунишон гаштаанд. Дар байни онҳо
ҷавонмардони ноҳияи мо низ кам набуданд.
Корномаҳои ҷангии ҳамватанони мо бо нишонҳои олитарини
давраи ҷанг қадр шудааст. 54 нафар фарзандони Тоҷикистон бо унвони олии
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15
нафар бо ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда аз 60 ҳазор нафар барои
дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон доданашон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида
шудаанд.
Бохабар будан аз вазъи саломатӣ, аёдату ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, расонидани кумак
ва эҳтироми онҳо вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Умед дорам, ки фарзандону наберагони иштирокчиёни
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қадри падару бобоёни худ мерасанд ва дар роҳи ҳифзи
Ватан аз истилогарон ҳамеша пайрави онҳо мебошанд.
Ибодуллоев Ҳ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав.