ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ
2023-05-02
Гирдоваранда: Абдураҳмон Хонзода
Махфират Хидирзода
КАРТ – БЛАНШ
(франс. carte blanche – варақи холӣ) – варақи холии дорои муҳр ва
имзо буда, ба каси дорандаи ваколатҳои номаҳдуд дода мешавад. Одатан чунин
одамон амалдорони калони давлатӣ ва ё намояндаи ваколатдори сардори давлат
буда, ҳуқуқи аз номи давлат ва ё аз номи сардори давлат ва ё ниҳоди махсуси
давлатӣ баромад намуданро доранд.
КАССАТСИЯИ
ИНТИХОБОТ – (лот. сassation – бекоркунӣ) – дар нисбати интихобот
маънои беэътибор донистани интихоботи бавуқӯъомада дар мавриди вайрон кардани
тартиби овоздиҳӣ ва муайян кардани натиҷаҳои он дар назар дошта мешавад. Дар
кулли мамлакатҳои демократӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон шарти асосии интихобот дар
он иштирок намудани аз нисф зиёди интихобкунандагон мебошад. Агар ин шарт
вайрон шуда бошад, мувофиқи қонуни интихобот баъди тамом шудани интихоботи якум
дар муҳлати муайян интихоботи нав таъин карда мешавад.
КВОРУМ
(лот. grorrm pressentia srfficit – иштироки миқдори кифояи одамон
барои қабули қарор) – теъдоди иштирокчиёни маҷлис, конференсия, анҷуман ва
дигар чорабинии сиёсӣ, ки қонун, дастурамали фаъолият, низомнома ва ё оинномаи
ташкилот ҳамчун шарти зарурии оғози кори форум ва ҳақиқӣ шуморидани қарори он
муқаррар гардидааст. Дар бештари мавридҳо иштироки аз се, ду фоизи аъзои умумии
маҷлис ҳамчун меъёри миқдори кофӣ дониста мешавад.
Қароре, ки
дар ҳолати набудани кворум қабул шудааст, ғайриҳақиқӣ буда, худи маҷлис барои
қабули қарор беваколат ҳисобида мешавад. Табиист, ки чунин қарор эътибори расмӣ
пайдо намекунад.
КЛЕПТОКРАТИЯ
– (юн.қад. – дуздӣ намудан ва ҳукмронӣ, «ҳокимияти дуздон») – лавҳаи (лақаби)
идеологӣ, ки дар нисбати ҳукумат истифода мешавад. Ҳукумати мазкурро қаллобон
назорат менамоянд. Онҳо афзалиятҳои хокимиятро барои бой гардидан ва афзун
намудани таъсири сиёсии худ истифода мебаранд. Амвол
ва воситаҳои давлатиро аз они
худ мекунанд ва мудом дар бораи ба халқ хизмат
намудан ибрози андеша менамоянд. Ҳолати
бади коррупсия ва лоббизм хоси он мебошад.
Клептократия одатан бо давлати мафиозӣ, бо шакли авторитарии
бадномшудаи ҳокимият, аз ҷумла бо диктатура, олигархия,
хунтаи ҳарбӣ ва шаклҳои бади ҳукуматнамоӣ пайваст аст. Клептократҳо истифодаи буҷети давлатро шахсан назорат
менамоянд. Пули давлатро пули худ медонанд. Онро дар ҷои дилхоҳашон истифода мебаранд. Ба таври
махфӣ пулҳои буҷетиро дар ҳисобҳои махфии банкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Онҳо ба умеди онанд, ки чунин пулҳоро баъди аз сари қудрат рафтан истифода менамоянд ва
ё онҳоро барои гурехтан ба
хориҷа ва дар онҷо зиндагӣ намудан истифода мебаранд.
Клептократия бештар дар мамлакатҳои ҷаҳони сеюм инкишоф ёфтааст, ки асоси
рушди иқтисодиёти онро аз худ
намудани захираҳои табиӣ ташкил медиҳад. Оқибатҳои режими клептократия барои
тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан, дар сиёсат ва иқтисодиёт ҳузнангез аст.
КЛЕРИКАЛИЗМ (лот. clericalis – мансубият ба калисо)
– сиёсатест, ки баҳри
нигоҳ доштан ва васеъ
намудани нақши калисо ва дин
дар ҳаёти ҷомеа равона гардидааст. Инчунин
зери мафҳуми мазкур неруҳои сиёсие дониста мешаванд, ки
чунин сиёсатро пеш мегранд. Ташкилотҳои
сиёсии клерикалӣ бо ташкилотҳои динӣ, чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад, дар пайвастагиҳои зиёд қарор доранд.
Дар шароити ҳозира яке аз шаклҳои бештар маъмули клерикализмро
демократияи насронӣ ташкил
менамояд.
КЛИЕНТИЗМИ СИЁСӢ (лот. clientismem – кӯшишҳо барои пуштибонӣ намудан). Муносибатҳои клиентӣ дар ташаккул ва инкишофи
низоми давлатдорӣ мақом ва нақши хосаро касб намудаанд. Онҳо бештар ба институтҳои сиёсӣ, ба ташаккул ва фаъолияти элитаи
сиёсӣ ва гуруҳҳои роҳбарикунандаю идоракунанда таъсир
мерасонанд.
Муносибати шахсӣ ба
раванди ҳукмронию идоракунӣ ва пуштибонӣ намудан дар шакли муносибати
«патрон» (дар Рими қадим
шахси асилзода, ки шаҳрвандони
камбизоат ва нобаробарҳуқуқро зери итоати хеш медаровард ва
онҳоро ба ҳимояи худ мегирифт) ва «клиент»
(дар Рими қадим шахсони нобаробарҳуқуқ, ки ба ҳимоягари худ тобеъ буданд) ба амал
меояд. Он ҳамчун тимсоли
идоракунанда ва идорашаванда таҷассум
мегардад. Он «рамз»-и муносибатҳои
байниҳамдигарии онҳо буда, аз бисёр ҷиҳат таърихи сиёсӣ ва низоми сиёсии ояндаро
муайян менамояд.
КЛУБҲОИ СИЁСӢ
– марҳилаи муҳмтарини ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ, ки асоси онро пайдоиш ва қавӣ
гардидани идеологияи сиёсӣ ташкил менамояд.
Аввалин
клубҳои сиёсӣ дар солҳои 30-уми асри ХIХ дар Британияи Кабир пайдо
гаштанд. Ташаккули онҳо ба
пайдоиши буржуазия ва ба муборизаи фаъоли сиёсӣ шурўъ намудани он вобаста
аст. Соли 1831 консерваторон «Чарлтон Клаб» ва соли 1836 либералҳо «Реформ клаб» -ро таъсис
додаанд.
Ташаккул ва рушди клубҳои сиёсӣ инъикоси таркиботи ҷомеа, воқеияти плюрализм ва мавҷудияти мухолифатҳо дар ҳаёти сиёсӣ мебошанд. Сабаби пайдоиши
клубҳои сиёсӣ пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ ва таҷассуми онҳо дар сиёсати давлатӣ буд. Аксар вақт клубҳои сиёсӣ ҳамчун марказҳои тарғибу ташвиқи идеологияи сармоядорӣ пайдо мегаштанд. Дар баъзе
мамлакатҳои дигар клубҳои сиёсӣ дар назди нашрияҳо ташаккул ёфтаанд.
КОАЛИТСИЯ (лот. coalitioas coalitus – муттаҳид, иттиҳод) – иттиҳод, созиш, иттифоқ. Дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи давлатҳо, иттифоқҳои касаба ва ё ташкилотҳо барои ба даст овардани мақсадҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ ташкил карда мешавад. Бештар
коалитсияҳои сиёсию ҳарбӣ дар рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва муносибатҳои олами глобалӣ мақоми хоса пайдо менамоянд. Онҳо воситаи муҳимтарини тағйири низоми сиёсии оламанд ва ё ба
сифати актори меҳварии тағйири он баромад менамоянд.
Таҷрибаи
ташаккули ҳукумати коалитсионӣ низ хеле маъмул аст. Он
дар ҳолате рух медиҳад, ки як неруи сиёсӣ имконияти ташкили ҳукуматро дар танҳоӣ надорад. Бинобар ин, бо неруҳои дигар ҳамсафар мегардад. Дар
бештари ҳолатҳо ҳамон неруҳои сиёсие ба иттифоқ меоянд, ки аз ҷиҳати идеологӣ ба ҳам наздиканд.
КОАЛИТСИЯИ ПАРЛАМЕНТӢ – намояндагони ду ва ё
зиёда ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент байни ҳам ба созиш омада, муттаҳид мегарданд ва ҳангоми ҳалли масъалаҳо аз мавқеи ягона баромад менамоянд.
Коалитсияи парламентӣ дар ҳолатҳое ташаккул меёбад, ки ин ё
он ҳизби сиёсӣ дар интихоботи парламент
аксарияти ҷойҳоро соҳиб нагашта бошад. Бинобар
ин, ҳизбе, ки бештари ҷойҳои парламентро дар ихтиёр дорад,
барои муваффақ гаштан ба
аксарияти овозҳо ва тавассути он ба
фоидаи хеш ҳал намудани масъалаҳо бо ҳизби сиёсии дигар, вале бонуфуз ба
иттиҳод меояд.
КОМИССИЯ (лот. comittere – ташкил
намудан, comeo –
мувофиқам, кӯшиш менамоям). Мафҳуми мазкур дар маъниҳои мухталиф истифода мегардад:
1. Гурӯҳ ва
ё мақомоти махсусе, ки бо
мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои хоса, маҳдуд ва муваққатӣ ташкил карда мешавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки комиссия ба хотири
анҷом додани амалиёти
махсус ташкил мегардад. Он масъалаҳоро
омӯхта, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд. Дар чунин маънӣ комиссияи интихоботӣ, комиссияи ҳисоб, комиссияи назоратӣ, комиссияи қабул ва ғайра фаҳмида мешавад.
2. Дар маънои шартнома, ки мувофиқи он як ҷониб (комиссионер) ӯҳдадор мегардад, ки бо шахси сеюм
дар доираи манфиатҳои
тарафи дигар (комитент) ба мувофиқа
меоянд.
КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТӢ - мақомоти идораи раванди интихобот.
Вобаста ба шароити мушаххаси мамлакатҳо
комиссияи интихоботӣ дар
асоси қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Он
дорои вазифаҳо ва салоҳиятҳои хоса буда, низоми интихоботро
танзим менамояд.
КОМИТЕТ (франс. comit, лот. committo – супориш медиҳам) – шакли ниҳоди давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар маънои гуногун истифода
мешавад:
1. Мақомоти
давлатӣ, ки барои амалӣ намудани чорабиниҳои махсус ё роҳбарии кадом соҳае ташкил карда мешавад.
2. Мақомоти
идоракунии давлатӣ, ки ҳукумат барои иҷрои вазифаҳои муайян ташкил менамояд.
3. Сохтори дохилии Парламент, ки аз ҳисоби вакилони он ташкил карда
мешавад.
4. Маҷлисе,
ки қарори дастаҷамъӣ қабул менамояд.
Масалан, комитети иттифоқҳои
касаба, комитетҳои ҳизбӣ ва ғайраҳо.
КОММУНИЗМ (лот. communis – умумӣ) – форматсияи ҷамъиятию иқтисодие, ки аз ду фаза: поёнӣ – сотсиализм ва олӣ – коммунизм иборат аст.
Коммунизм назарияи илмиест, ки ҷараёни
марксизм – ленинизм пешниҳод
гардонидааст. Коммунизм ҷомеаи
бесинфиест, ки дар он моликияти умумӣ бар
воситаҳои истеҳсолот, баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сатҳи баланди инкишофи илму техника
мавҷуд аст. Неъматҳои моддӣ фаровон гардида, принсипи
«Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи талаботаш» ҳукмрон мебошад.
Пайдоиши ақидаҳои коммунистӣ дар бораи ҷомеа ҳанӯз дар давраҳои атиқа ба амал омада буд. Давраҳои гуногуни инкишофи таърихӣ дар сатҳ ва шаклҳои мухталиф андешаҳоро дар бораи ҷомеаи боадолат, ки ба баробарии иҷтимоии одамон асос ёфтааст, ба
миён меовард. Ба андешаи асосгузорони таълимоти комунизми илмӣ Карл Маркс ва Фридрих Энгелс
гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ на бо хоҳишу мароми субъективӣ, балки дар натиҷаи инкишофи объективии қувваҳот истеҳсолкунанда ва ба вуҷуд омадани заминаҳои муайяни моддӣ ба амал меояд. Онҳо фаҳмиши материалистонаи таърих ва
назарияи арзиши изофаро кашф намуда, назарияи коммунизми илмиро ба вуҷуд оварданд. Маркс ва Энгелс асарҳои зиёде эҷод намуда, дар онҳо масъалаҳои назариявӣ ва қонуниятҳои бунёди ҷомеаи коммунистиро мавриди омӯзиш қарор доданд.
КОММУНИКЕ (франс. communique ва лот. communication – хабар расонидан,
гузаонидан) - хабари расмии мақомоти
олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ, намояндагии давлатҳои мухталиф ё ташкилотҳои байналхалқӣ дар бораи вазъияти ин ё он
соҳаи маносибатҳои байналхалқӣ дар бораи рафт ва натиҷаҳои музокирот ва ғайра мебошад. Ба ғайр аз вазифаҳои иттилоотӣ коммюнике вазифаҳои мазмунан дигарро ҳам анҷом медиҳад. Масалан, дар коммюнике мавқеи ношир дар бораи масъалаи сиёсӣ тарҳрезӣ мегардад, ба онҳо баҳо дода мешавад, уҳдадорӣ ва мақсадҳои субъектҳои манфиатдор муайян карда
мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо коммюнике маводҳоеро дар бар мегирад, ки
хосияти ҳуҷҷатӣ доранд ва робитаҳои байниҳукуматиро инъикос мегардонанд.