Идомаи маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ
2023-05-01
Дар
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Зиндагӣ","Саноатсодиротбонк",
"Амонатбонк", ”Ориёнбонк” мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ маҷлиси ҷамъбастӣ аз
натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мазкур дар семоҳаи аввали соли
2023 баргузор гардид. Дар маҷлиси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ
Соҳибҷон Имомназаров, раисон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии болозикр иштирок ва
суханронӣ намуданд.
Раиси
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон ҳисоботи раисони ташкилотҳои
ибтидоии мазкурро шунида, барои фаъолияти пурсамари онҳо изҳори қаноатмандӣ
намуд. Зикр дошт, ки аъзои ин ташкилотҳо дар ҳамаи чорабиниҳои фаъолона иштирок
намуда, баҳри тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳо
ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор
мебошанд.
Ҳамзамон
мавсуф ба раисони ташкилоти ибтидои дастур дод, ки бо мақсади таҳкиму тақвияти
корҳои дохилиҳизбӣ ба масъалаҳои раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии
талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартиб ва ҳолати
бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор, пардохти
ҳаққи узвият, фаъол будан дар шабакаҳои интернетӣ корбарию коргузорӣ,
ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи
чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи
оморӣ, варақаи узви ҳизб ва тартиби нигоҳ доштани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ диққати
лозими дода шавад.
Дар
идома, масъалаҳо вобаста ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус
қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну
маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон", баррасӣ
гардиданд.
Дар
ин радиф, иқдомҳои Пешвои миллат дар ҳаллу фасли яке аз масъалаҳои глобалии
ҷаҳони муосир – таъмини аҳолии сайёраи мо бо оби ошомиданӣ, ҳифз ва истифодаи
самараноку оқилонаи захираҳои об, ки дар миқёси ҷаҳон баёнгари обрӯ, нуфуз ва
эътирофи Тоҷикистон ва Сарвари он ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадманд мавриди
баррасӣ қарор гирифтанд.