Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

2023-05-01

Конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар кори конференсия масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, пешбарии номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар конференсияи мазкур раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, собиқ раиси шаҳр, аъзои кумитаи иҷроияи ҳизб Раҳмоналӣ Амирзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳою собиқадорони ҳизб иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар се моҳи аввали соли равон ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ваҳдат баҳри таблиғу ташвиқи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷимкистон ба Маҷлиси Олӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода, мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрию мулоқотҳо ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ гузаронда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбият мекунанд.

Ҳамзамон зикр намуд, ки беморону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои аскарони дар задухӯрди низди сарҳади Қирғизистон шаҳидгаштаро низ доимо аёдат карда, кумакҳои моддӣ мерасонанд. Ду нафар маъюбӣ модарзод бо нафақаи доимӣ таъмин карда мешаванд. Аз рафти фаъолияти КИ ҲХДТ пайваста дар сомонаи ҳизб хабару гузоришҳо пахш карда, дар матбуоти даврӣ низ мавод ба табъ расонида мешавад. Натиҷаи ҳамин корбариҳост, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз 190 ба 195 адад расонида, шумораи аъзои ҲХДТ ба 9000 нафар баробар шуд.

Пас аз ҳисоботи раиси кумита, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба музокира баромада, аз корҳои ҳизбии ташкилоташон гузориш дода, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода низ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият доштани ташкилотҳои ҳизбӣ маслиҳату дастурҳои муфид дод. Аз ҷумла таъкид намуд, ки барои дар ҳамаи самтҳо ба пешравии комил ноил гаштан зарур аст, ки дар он соҳаҳо аъзои ҳизб фаъолият дошта бошанд. Дар ҳамин сурат метавонем, ки ба ҳадафҳои ҲХДТ, ки созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба зиндагии хубу шоиста аст, бирасем. Ба ҳамин хотир, дар қабули аъзои нави ҳизб бояд ба сифатнокии онҳо бештар диққат диҳем, шахсони пешсафу арзандаро қабул намоем.

Аз рӯи масъалаи дуюми конференсия, раиси шаҳр, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзодаро аз ҳавзаи интихоботии “Пистамазор”, №32 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуд. Вобаста ба ин масъала котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дардошно” Саодат Ҳоҷибоева баромад намуда, фаъолияти назарраси Ислом Ҳайдарзодаро солҳои фаъолият дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба иштирокчиёни конференсия муаррифӣ намуд. Бо ҷонибдории ҳамаи вакилони конференсия номзадии Ислом Ҳайдарзода ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат қабул карда шуд.

Баъди баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва муайян кардани вазифаҳои минбаъдаи аъзои ташкилотҳои ҳизбӣ Мирзо Исмоилзода, Асрор Латифзода ва Раҳмоналӣ Амирзода ба чанд нафар аъзои нави ҲХДТ ботантана шаҳодатномаҳои узвиятро супориданд. Аз ҷумла ба аъзои 9-ҳазорумини ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, омӯзгори ҷавони фанни биологияи МТМУ-и №27 Лола Раҷабова шаҳодатнома ва гулдастаю туҳфаи хотиравии ҳизб супорида шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ конференсияи XIX ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба кори худро анҷом бахшид.