ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ
2023-05-01
Гирдоваранда:
Абдураҳмон Хонзода
Махфират Хидирзода
ИМПЕРИЯ (лот.
Imperium – ҳокимиятдор, пурқудрат, пурзӯр)
1. Дар Рими
қадим – ҳокимияти олии давлатии халқ, ки тавассути интихобот дар раванди қабули
қонунҳо, ҳангоми эълони ҷанг ё бастани сулҳ, инчунин дар суди олӣ воқеӣ
мегардид. Дар навбати худ ин масъулият ба соҳаи ҳарбӣ ва соҳаи гражданӣ тақсим
мегардид. Диктатор дар республикаи Рим дараҷаи олии империяро соҳиб мегашт. Бо
гум шудани салоҳияти хосияти республикавии империя дараҷаи олӣ ба императори
Рим баъди тамоми ҳокимиятро соҳибӣ намудан якумра дода мешуд.
2. Ҳудуде, ки
дар он ҳокимияти император амал мекунад.
3. Давлате,
ки сарвари он бо роҳи сулолавӣ унвони императориро гирифтааст.
4. Системаи
сиёсие, ки дар зери ҳокимияти муттамарказ воҳидҳои гуногунҷинси этникию миллӣ
ва маъмурию ҳудудиро дар заминаи муносибати метрополия – мустамлика дар шакли
марказ - музофот, марказ - ҷумҳуриҳои миллӣ ва канораҳо расман муттаҳид
менамояд.
ИНТЕГРАТСИЯИ
СИЁСӢ – муттаҳидгардонӣ, ба ҳам пайвастани таркиботи ҷамъиятӣ, давлатӣ дар
ҳудудҳои давлат ё умумияти васеътари байнидавлатӣ. Интегратсияи сиёсии
байнидавлатӣ бо роҳи ташаккули ниҳодҳои нави ҳокимият бо гузориши қисми
ҳуқуқҳои комили мақомоти миллии сиёсӣ ба амал меояд.
Интегратсияи
сиёсӣ дар заминаи интернатсионализатсияи ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал меояд. Пешрафти
илмию техникӣ, афзудани ҳамгироӣ ва аз ҳам вобаста будани халқҳо ва давлатҳо
онро такмил медиҳанд. Дар минтақаҳои алоҳидаи олам, махсусан, дар Европаи Ғарбӣ
интернатсионализатсияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум ва кишварҳо
ба дараҷае расидаанд, ки ташаккули ниҳодҳои фаромиллӣ заруранд, то ки муносибатҳои
байни онҳо танзим карда шаванд. Давлате, ки вориди раванди интегратсионӣ
гардидааст, қисме аз ваколатҳо ва вазифаҳояшро ба мақомоти навтаъсиси фаромиллӣ
вомегузорад.
Дар шароити
ҳозира раванди интегратсияи сиёсӣ бештар дар Европаи Ғарбӣ инкишоф ёфтааст.
Заминаи ташаккули онро дар солҳои 50 – уми асри ХХ таъсис ёфтани Иттиҳоди
иқтисодии Европа, Евратом ва дигарон ташкил менамоянд.
ИНТЕРВЕНСИЯ
(лот. Intervenzno – бо зӯрӣ даромадан) – дахолати зӯроваронаи як ва ё якчанд
давлат ба корҳои дохилии давлати дигар ва ё ба муносибати байни давлати сеюм.
Интервенсия шаклҳои гуногун дорад: яроқнок, иқтисодӣ, дипломатӣ. Мувофиқи
санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ дахолати як давлат ба корҳои дохилии
давлати дигар мамнӯъ эълон гардидааст. Аммо ҳолатҳои зӯроварии як давлат ба
давлати дигар ва экспансияи ҳудудӣ то ба ҳоло вуҷуд доранд, ки ифодагари низоми
навини олам мебошанд. Дар бештари ҳолатҳо давлатҳои муқтадир ё блоки ҳарбию
сиёсии давлатҳо гӯё ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ва ҳимояи
демократия ва риояи қатъии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба давлати дигар интервенсияро
ташкил намуда, режими сиёсии онро дигар менамоянд.
ИНТИХОБОТ -
маъракаи сиёсӣ, ки дар он ба мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимият намояндагон
тариқи овоздиҳӣ интихоб карда мешаванд. Интихобот воситаест, ки тавассути он
таҳкиму такмили мақомоти давлатӣ таъмин мегардад. Моҳияту хусусиятҳои интихобот
дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нишон дода шудааст: “Ҳар инсон ҳақ дорад, дар
идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб
шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад”.
Интихобот василаи таъмини қонунмандии ҳокимият, фаъолияти шахси мансабдор ва
иштироки мардум дар амалинамоии ҳокимият мебошад.
Дар ҷомеаи
демократӣ интихобот дар сатҳи гуногун, дар шаклҳои мухталиф ва ба таври васеъ
истифода бурда мешавад. Интихобот хоси соҳаи алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ набуда,
қариб ҳамаи унсурҳои таркибии ҳаёти ҷомеа, объекту субъектҳои онро фаро
мегирад. На танҳо ташкилотҳои сиёсӣ, балки мақомоти ғайрисиёсӣ низ ба интихоб
эҳтиёҷ доранд. Онҳо дар инкишофи ҳаёти худ интихоботро васеъ истифода
менамоянд. Вале, баҳтарин интихоботе мебошад, ки ҳангоми воқеӣ гардонидани
мақсадҳои ниҳоӣ истифода мегардад.
Дар олами
муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури одамон ба сифати манбаи ҳокимият
ва истилолият мебошад. Одамон дар интихобот иштирок намуда,
ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амалашон фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ
мегардонанд. Соҳибихтиёрии фард ҳангоми интихобот рӯшан мегардад. Ҳангоми
интихобнамоӣ набояд касе ё чизе ба одамон таъсир бахшад ё онҳоро маҷбур созаду
фишор оварад. Ӯ барои худ интихоб менамояд ва метавон гуфт, ки худро интихоб
мекунад.
Интихобот
воситаи муҳими таҷассуми одамон, гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар мақомоти
мухталифи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ мебошад. Интихобот навъи
зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто, дар
баъзе кишварҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи
корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Одамон дар раванди интихобот иштирок намуда,
ба мақомоти гуногуни ҳокимият таъсир мерасонанд.
Ҳамин тариқ,
интихобот воситаи муҳимтарини ташаккули системаи сиёсии ҷомеа мебошад. Аз он,
ки интихобот сохти сиёсию ҷамъиятиро бунёд месозад, он масъалаи аввалиндараҷаи
инкишофи ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад.
ИСЛОМИ СИЁСӢ
– маънидоднамоии ислом ҳамчун сарчашмаи ҳувияти сиёсӣ ва амал. Мафҳуми “исломи
сиёсӣ”ифодаи фаъолиятест, ки ба дигаргунсозии ҷомеа тибқи принсипҳои шариат
нигаронида шудааст.
Исломи сиёсӣ
иштироки дини ислом дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, нақши муайянкунандагии он дар ҳаёти
шахсӣ ва ҷамъиятии мусулмононро тарғиб мекунад. Ислом, ки аз динҳои
бонуфузтарини олам аст дар сиёсати ҷаҳони муосир нақши калон дорад. Дар қисме
аз мамлакатҳои ислом ба сифати идеологияи давлатӣ пазируфта шудааст (Эрон,
Афғонистон, Покистон, Мавритания ва ғ.). Дар бештари мамлакатҳое, ки аксариятро
мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳизбҳои сиёсии динӣ ва ҳаракатҳои пурзӯри сиёсию
динӣ арзи ҳастӣ доранд. Дар байни неруҳои сиёсии исломӣ бештар ду равия: ортодоксалию
оштинопазир ва либералию ислоҳотчигӣ мушоҳида мегарданд. Дар олами сиёсии
муосир бештар равияи аввал аз худ дарак медиҳад. Бахусус, ривоҷи исломи
бунёдгароӣ мушоҳида мегардад. Исломи сиёсӣ дар заминаи ғояҳои панисломизм
инкишоф ёфта, дар доираи чунин асосҳо идеологияи давлати исломӣ, иқтисодиёти
исломӣ, фаҳми махсуси исломии ҳуқуқи инсон ташаккул меёбад.
ИСЛОҲОТИ
СИЁСӢ (франс. Reborte ва лот. Rebor - дигаргунсозӣ) Мафҳуми “ислоҳот” тарҷумаи
мафҳуми “реформа” аст ва дар маъноҳои дигаргунсозӣ, тағйирдиҳӣ, азнавсозии ягон
соҳаи ҳаёти ҷомеа бидуни тағйироти куллӣ, таркиби мавҷудаи ҷомеа истифода
мешавад. Масалан, ислоҳоти системаи сиёсӣ: идораи президентӣ, парламентӣ ва ё
дигаргунсозии тарзи идораи ҳокимият дар маҳалҳо ва ғайра мебошад.
Ислоҳот
ҳамчун амали сиёсӣ, ки ба таври бошуурона, мақсаднок ва муташаккил гузаронида
мешавад, муносибатҳои мавҷударо мустаҳкам намуда, тағйироте дохил менамояд, ки
боиси инкишофи минбаъдаи он гардад. Ислоҳоти сиёсӣ замоне истифода бурда
мешавад, ки соҳаи алоҳидаи ҳаётро норасогиҳо ва зиддиятҳои зиёде фаро
гирифтаанд ва ё гирифтори буҳрони шадид гаштаанд. Асоси ислоҳотро такмил додани
муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ баҳри мустаҳкамнамоии муносибатҳо ва
тартиботи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад.
Ислоҳоти
сиёсӣ метавонад дар шакли зӯрӣ ва маҷбурӣ низ ба амал ояд. Таҷрибаи мамлакатҳои
гуногун нишон медиҳад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ маҳз сиёсати амиқу дуруст ва
фаъолияти сарварони сиёсии оқил метавонанд ҷомеаро аз вартаи ҳалокат раҳонад.
ИФТИХОРИ
МИЛЛӢ – дарки мақом, обрӯю эътибори миллати хеш дар пешрафти умумибашарӣ
мебошад. Дар фаҳми сиёсӣ ифтихори миллӣ дар маънои ифтихори давлатӣ дониста
мешавад. Одамон аз мақоми давлати хеш дар низоми сиёсии олам, аз музаффариятҳои
он дар ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои байниҳамдигарии акторҳои байналхалқӣ фахр
менамоянд. Ифтихори миллӣ на танҳо хосияти куллӣ дорад, балки он дар сатҳи
дигар низ айён мегардад. Одамон аз дастовардҳои ҳамватанони хеш ифтихор
менамоянд. Дастовардҳои истеҳсолӣ, илмию техникӣ, маданию варзишӣ боиси фахри
ҳамватанон мегарданд.
Ифтихори
миллӣ ба такаббури миллӣ, ғурури миллӣ ва шовинизми бузургдавлатӣ иртиботе
надорад ва бо онҳо дар зиддият ва муқовимат қарор гирифтааст.