Омилҳои муҳимтарини пешгирии гароиши ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ
2023-04-28
Семинари навбатии омӯзишӣ барои
кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва ҳизбиёни пойтахт бо иштироки аъзои Кумитаи
Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиноси”- и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода
Абдураҳим Ғафор дар мавзӯи «Воситаҳои муҳимтарини пешгирии гароиши ҷавонон аз
ифротгароӣ”, доир гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки истилоҳи
«ифрот» калимаи арабӣ буда, аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» гирифта
шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол
берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё
тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад.
Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд,
баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Дар мавриди
ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан
мумкин аст. Маънои муқобил ё антоними калимаи “ифрот” калимаи “тафрит” аст, ки
он низ аз решаи “фарт” буда, ба маънои бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад
нисбати чизе мебошад.
Мавсуф, зимни суҳбат зикр дошт, ки
маънои истилоҳи ифротгароӣ нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе
тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба
боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва
ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад.
Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун
субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз
ноустувории нисбӣ, тағирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми
иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки
сиёсӣ муайян карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ
зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Мавсуф аз санадҳои мушаххаси меъёрӣ-ҳуқуқӣ,
аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дин ва
қонунҳои миллии кишвар маълумот дода, бо суҳбати озод ва забони сода моҳияти
дин, мазҳаб ва роҳҳои ҳалли баъзе нофаҳмиҳоро дар давлати миллӣ ба риштаи
баррасӣ кашид.
Бо такя ба консепсияи зикршуда,
ишора гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои
инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон боис гашт, то шаҳрвандон озодона ба
дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ
имкони васеъ пайдо намоянд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ
ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба
Конститутсияи кишвар, рафтуомади озоди шаҳрвандон ба хориҷа, таҳсили ҷавонон
дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар, воридшавии таълимоти равияву
мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва ғайриисломӣ ба фазои динии кишвар ва теъдоди зиёди
адабиёти динӣ аз хориҷ, чопу нашри китобу маводи дигари таблиғи динӣ дар дохил
ва ғайра боис гашт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон фазои муайяни динӣ ба вуҷуд ояд.
ҲХДТ дар доираи самтҳои асосии
барномаи пешазинтихоботии худ шакли давлатдории дунявиро ҳамчун низоми озмудаи
давлатдорӣ эътироф намуда, густариши арзишҳои умумиинсониро аз самтҳои
стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ мешуморад.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ
намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ,
мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва
арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар
гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм
(ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва
ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Барои
ҳизб амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои
ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияю
мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти
миллӣ шинохта мешаванд.
Дар
анҷоми семинар иштирокчиён ба саволу дархостҳои худ посухи
саҳеҳу мушаххас гирифтанд.