Ташаббус ва ибтикороти Пешвои миллат дар ҷодаи рушди илм ва адабиёт
2023-04-28
Дар
сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти мамлакат дар ҳама
бахшҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Хуб
дар хотир дорем, ки то соли 2000- ум мамлакати мо дар ҳоли барқарорсозии сулҳу
суботи сартосарӣ қарор дошта, иқтидори иқтисодиву мудофиавӣ, рушди иҷтимоиёт ва
дар маҷмуъ, пешравиҳои соҳа шурӯъ аз қарни нав оғоз ёфтанд.
Сарвари
давлат дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат моҳи марти соли 2015 асоси рушди
маънавиёт ва пешрафти бемайлони давлатро дар иҷроиши панҷ қадами созанда –
ислоҳоти бомароми маориф, рушди бонизом ва воқеии илм, татбиқи Консепсияи
миллӣ, устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона, ҳифз
намудани шаҳрвандон аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ дониста,
барои иҷроиши он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ин
дурнигариҳои Сарвари давлат миллатро аз хатари бесаводӣ, таҳдидҳои фаромиллӣ,
таассубу хурофотпарастӣ, ба таъсири фарҳангу расму оини бегона намондани
шаҳрвандон сипари боэътимод гардид. Воқеан ҳам, рушди соҳаи маориф, беҳтар
кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор
калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ маҳсуб мешавад. Аз ин
рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон
фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва
онҳо ҳамқадами замон гарданд. Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
яке аз суханрониҳояшон чунин зикр доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон
пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем,
ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои
инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба
мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”. Дар ҳақиқат, рушди
бонизом ва воқеии илм имкон фароҳам меорад, ки илмҳои бунёдиро ба иҷрои
ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоем. Боиси хушнудист, ки барои
беҳтар намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави
рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани неруҳои зеҳнӣ заминаҳои мусоид фароҳам
омаданд. Маҳз роҳандозии ҳадафҳои Консепсияи миллӣ буд, ки тавассути се ниҳоди
асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таъмин гардад.
Дар ин ҷода қонунҳои мамлакат барои расидан ба ормонҳои таълиму тарбия мусоидат
намуданд. Дигар дастоварде, ки мо дар ҷодаи худшиносӣ ба он соҳиб шудем, ин
ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо воситаи баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва
дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу
ватандӯстона мебошад ва ниҳоят, нуктаи ниҳоии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ин таҳкими
рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳифзи озодиҳои инсон аст, ки тавассути
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.
Аз
равзанаи беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ мо мушоҳида мекунем, ки маҳз омилҳои
болозикр барои расидан ба зиндагии босаодат мусоидат намуданд.
Пешвои
миллат дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ намуда,
дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала
эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани
тадбирҳои зарурӣ, ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани
мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат
ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли аҳли ҷомеа боз аз нав
ба илм бештар гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму
маориф дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ
оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо аз қабили “Оид ба ҳамкории
илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи
робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”,
“Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонид.
Қабули
санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омилҳои асосии пешрафти соҳаи
илм дар кишвар гардиданд. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт. Инчунин, Сарвари давлатамон
рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат
ҳисобида, соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон намуданд. “Соли
маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф,
илм ва техника, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи
хонандагон гардид. Оре, дар ҷаҳони муосир он мамлакатҳое ба дастовардҳои бузург
ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар
зоҳир карда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд.
Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати кишвар баҳри беҳтару
хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба соҳаи мактабу маориф ва боло
бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. “Соли маориф ва фарҳанги
техникӣ” нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақил ҳамчун соли инноватсия қабул гардид. Илова бар ин, мулоқоти
анъанавии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё дар остонаи ҷашни
байналмилалии Наврӯз, тағйири номи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва
илми Тоҷикистон тақвият ёфтани институтҳои зертобеъи он дар соҳаҳои илмҳои
гуманитарӣ ва дақиқ далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Ба
ҷузъ он, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адади даврони Шуравӣ
ба 43 адад расонида шуд, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту
созмонҳои гуногун ва кишварҳои хориҷӣ то имрӯз беш аз 70 созишнома ба имзо
расонида шудааст, ки яке аз муҳимтарини онҳо “Конвенсия оид ба эътирофи
тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо” мебошад. Мақсади
асосии ин ҳуҷҷат, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо
расидааст, эътирофи таҳсилоти олии касбии кишвари мо дар бозори таҳсилот ва
меҳнати Аврупо буда, барои ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба фазои ягонаи
таҳсилоти ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам месозад. Ҳар сол дар доираи
созишномаҳои бо давлатҳои хориҷӣ баимзорасида барои таҳсили шаҳрвандони
Тоҷикистон дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шумораи муайяни квотаҳо ҷудо
мегардад. Аз соли 2008 инҷониб зиёда аз 50 ҳазор ҷавонон тибқи Барномаи
стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат “Дурахшандагон” аз рӯйи 52
ихтисосҳое, ки иқтисодиёти миллии мо ба онҳо бештар ниёз дошта, дар кишварамон
омода карда намешаванд, ба 65 давлати хориҷӣ барои таҳсил фиристода шудаанд.
Танҳо соли таҳсили гузашта беш аз 5000 нафар ҷавонони мо барои таҳсил ба
мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд. Илова бар ин, дар кишварамон тӯли
солҳои охир таъсис додани филиали муассисаҳои бонуфузи таълимии давлатҳои
пешрафта, бахусус дар самти рушди ихтисосҳои техникӣ ривоҷ дорад. Имрӯз дар
мамлакати мо филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов,
Донишкадаи хӯла ва фӯлоди Москва, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи
славянии Россияву Тоҷикистон, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон
дар Донишгоҳи технологӣ ва факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи
миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
фаъолият доранд.
Ҳукумати
мамлакат барои тақвият ёфтани илм ва дар амалия татбиқ намудани он зарурати
таъсис додани паркҳои технологиро дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи
касбӣ ба миён гузошт, ки он самараи дилхоҳ ба бор овард. Алҳол дар ҳамаи
муассисаҳои таълимии мамлакат дастовардҳои илмӣ дар амал татбиқ мешаванд.
Натиҷаи ин тадбир гирифтани садҳо патентҳои ихтироотӣ мебошад. Алҳол Тоҷикистон
ҷиҳати рақамикунонии ҳамаи институтҳои молиявӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ муваффақ
шуда истодааст. Аммо, ҳанӯз ҳам ба таъкиди Сарвари давлат майли ҷавонон ба
илмҳои дақиқ, техникаву технологияҳои муосир, омӯхтани забонҳои хориҷӣ кам ба
назар мерасад. Эълони солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои
табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ дар
соҳаи илмҳои дақиқ, ба номи Исмоили Сомонӣ, ба номи академик Султон Умаров, дар
сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб
аст” ва “”Илм - фурӯғи маърифат”, дар сатҳи вилоят бошад, озмуни “Ихтироъкор”
ба хотири ҷалби бештари ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ маҳсуб мешавад.
Як
нуктаи муҳим он аст, ки ҳамасола дар кишвар наздики 150 нафар дар мавзӯъҳои
гуногун рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, ки 95 дарсади онҳоро равияҳои
гуманитарӣ ташкил медиҳанд. Синну соли олимони соҳаи риёзӣ, физика ва химия,
равияҳои техникӣ аз ҳадди 60 боло мебошад. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо
мактаби “устодӣ шогирд”-и ин илмҳои воқеан ҳам ба хоҷагии халқ заруриро аз нав
эҳё кунем. Бояд гуфт, ки қадамҳои қатъӣ дар ин самт гузошта шудааст. Аз ҷумла,
дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ раванди таҷҳизонидани утоқҳои фаннӣ бо
дастгоҳҳои муосири озмоишӣ вусъати тоза гирифта, дар муассисаҳои олии кишвар
марказҳои озмоишӣ – лабораторӣ бунёд шуда истодаанд. Итминон дорем робитаҳои
байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дар доираи
барномаҳои мухталиф дар ояндаи наздик самараи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Дар
ҳама давру замон адабиёт чун бузургтарин мактаби тарбия барои рушди инсоният
хизмат кардааст. Ҳамин аст, ки бузургмардон барои рушду такомули шахсӣ ва ғанӣ
гардонидани маънавиёти мардум пайваста барои рушди адабиёт иқдомҳо менамоянд.
Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ адабиёт ҳамчун хазинаи бузурги маърифат аз
ҷониби Ҳукумат хуш пазируфта шуд. Дар ин давра барои рушду тавсеаи он кӯшишҳои
зиёд ба харҷ дода шудааст. Дар рушди адабиёти замони соҳибистиқлолӣ нақши
Пешвои миллат муҳиму назаррас мебошад. Дар ин марҳила бо ибтикор ва саҳми
бевоситаи Роҳбари давлат адибон имкон ёфтанд, ки озодона мавзуъҳои дилхоҳро
тасвир намоянд. Силсилаасарҳое, ки дар бораи таърих ва шахсиятҳои дурахшони
гузаштаи мо эҷод гардидаанд, асосан бо нигоҳи нав офарида шудаанд. Ин раванди
ҷадид дар риштаҳои назм ва насри замони соҳибистиқлолӣ баръало ба назар
мерасад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди чеҳраҳои намоёни адабиёт, аз қабили Абулқосим
Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
Нақибхон Туғрал ва дигар бузургони адабиёти тоҷик аз иқдоми беназири Пешвои
миллат маҳсуб мешавад. Инчунин, ба намояндагони соҳаи адабиёт додани унвони
баландтарини Қаҳрамони Тоҷикистон, шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ то Бобоҷон
Ғафуров ва Мирзо Турсунзода низ шоистаи ситоиш аст.
Сарвари
давлат бо эҷоди асарҳои баландмазмун аз қабили ”Чеҳраҳои мондагор”, “Забони
миллат ҳастии миллат” исбот намуданд, ки худ илмпарвару, адабиётдӯст ва
фарҳангпарвар ҳастанд. Алҳол адибони мо пайваста ба ғамхориҳои давлат ва
Ҳукумати кишвар фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ
интишор шудани садҳо китоб ва ба унвонҳои баланд мушарраф шудани адибон барои
рушду такомули адабиёти навини тоҷик мусоидат намуда истодааст.
Таҳким
бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ
кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии
муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои
таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир
ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки
Пешвои миллат ба хотири шиносондани аҳли ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати
тоҷик китоби арзишманди “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро ба ҳар як хонадони тоҷик
чун армуғони ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ тақдим намуданд ва дар Паём
низ зикр шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ,
таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён
ҳар чи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик
рисолати шаҳрвандиву миллиро ба таври арзанда бояд аҳли зиё, эҷодкорон, олимон
ва кулли мардуми баору номуси Ватан кӯшиш ба харҷ диҳанд. Вобаста ба бедор
кардани завқи аҳолӣ ба муҳтавиёту мундариҷаи китоб, содаву равон фаҳмонидани он
бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд
барномаи телевизионӣ таҳти унвони ”Тоҷикон” дар телевизиони вилоят бо ҷалби
олимону мутахассисон ташкил кардааст, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад. Дар
заминаи ин ташаббус, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои
Сарвари давлат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии
мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва
пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз дар ҳамкорӣ бо
телевизиони вилоят барномаи “Гулчини маънӣ” моҳе ду маротиба намоиш дода
мешавад.
Мо
миллати соҳибиқболем, ки илму фарҳанг, адабиёт ва тамаддунамон таърихи
чандҳазорсола дорад. Аз бузургтарин шоирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди
Рӯдакиву Сино, Хоразмиву Берунӣ мероси бою гаронбаҳое мондааст, ки на танҳо
боиси ифтихор аст, балки моро вазифадор мекунад, ки ин ҷавҳари воқеан ҳам,
бемислу монандро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Маҳз соҳибдавлатӣ ва сиёсати
созандаву маънавиасоси Пешвои миллат барои эҳёи дубораи таъриху тамаддун, илм
ва маънавиёт такони бузург бахшид. Имрӯз саодате барои мо даст додааст, ки
фурсатро ғанимат шуморем ва дар тарбияи маънавӣ ва илмии наслҳои соҳибиқбол
кӯшиш намоем.
Зуфар
Исмоилзода
раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд,
номзади
илмҳои сиёсатшиносӣ