ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ
2023-04-28
Гирдоваранда: Махфират
Хидирзода
Абдураҳмон Хонзода
ИДЕАЛИЗМИ СИЁСӢ – назарияест дар муносибатҳои
байналхалқӣ, ки муносибатҳои байни халқҳо ва кишварҳоро аз назари меъёрҳои
ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ва муносибати меъёрӣ хулосагирӣ менамояд.
Заминаи асосии идеализм сиёсиро эътиқод дар бораи
имконияти рух надодани ҷангҳои ҷаҳонӣ ва моҷароҳои мусаллаҳонаи байналхалқӣ
ташкил менамояд. Нигоҳ доштан ва ҳифзи сулҳ на танҳо мақсади асосии давлат аст,
балки одамони алоҳида низ бояд ба он саъю кӯшиш намоянд ва ин хосияти табии
инсон аст.
ИДЕОЛОГИЯ (юнонӣ. Idea – ғоя, logos – таълимот) – низоми
арзишҳову ғояҳои иҷтимоии ба таври назарӣ ташаккулёфта, ки самти амалҳои
иҷтимоиро таъйин ва манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеаро таҷассум карда, барои
субот ё тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳамбастагии мардум хидмат мекунад. Мафҳуми
“идеология”- ро муҳақиқи франсуз Антуан Дестют де Траси дар охири асри XVIII ба
илм ворид намудааст, ки он маънои “илм дар бораи ғояҳо” – ро дошт. Вобаста ба
инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ мазмуни мафҳуми мазкур тағйир ёфтааст. Идеология
ҳамчун воситаи бонизом ва муттаҳидкунандаи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои
дарки ҳастӣ ва рушду инкишофи онҳо истифода мешавад. Идеология одамонро ба як
самт сафарбар карда, фаъолияти онҳоро ҷоннок мегардонад ва имкон медиҳад, ки
табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ худро ҳамчун субъектҳои мустақил муаррифӣ
намоянд. Ҳар як неруи сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки назарияи мушаххаси ғоявиро ба
вуҷуд оварад ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳад.
Идеология дар марҳалаи дигаргуниҳои инқилобӣ нақши барҷаста дорад, зеро ба
ҳаракатҳои сиёсии оммавӣ доираи васеи табақаҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ мешаванд.
Идеология ҳамчун ҷаҳонбинии иҷтимоию сиёсӣ падидаи
махсус буда, мазмуни онро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки қувваи эътиқодро доранд.
Асоси идеологияро маҷмӯи донишҳои илмӣ дар бораи табиат, ҷомеа, инсон ва
инчунин муҳити воқеӣ ташкил менамоянд. Чунин системаи донишҳо ва таҷрибаи бойи
одамон ба ташаккули эътиқоди инсон мадад мерасонад.
Идеология ин маҷмӯи ғояҳо ва назарияи сиёсӣ мебошад,
ки онро ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ ба
сифати роҳнамо барои мустаҳкам ё сарнагун кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ
истифода мебаранд.
Дар давраи инкишофи таърихӣ табиист, ки мазмуни
мафҳуми “идеология” ба тадриҷ тағйир меёфт. Идеология ва масъалаҳои мухталифи
инкишофи он дар шароити ҳозира диққати ҷомеашиносонро аз ҳарвақта дида бештар
ҷалб менамояд.
ИДЕОЛОГИЯ СИЁСӢ - системаи ғояҳо, ақидаҳо,
тасаввуроте, ки дарки назариявии ҳастии сиёсиро аз манзури манфиатҳо, талабот,
мақсад ва идеалҳои гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои миллӣ ифода
мекунад. Ҳар як ҳаракати сиёсӣ аз тарафи идеологияи сиёсии муайян пешкаш
мешавад. Идеологияи сиёсӣ барномаи фаъолият, мақсаду мароми ҳаракати сиёсиро ба
тасвиб мерасонад.
Асоси идеологияи сиёсиро маҷмӯи донишҳо дар бораи
табиат, ҷомеа, инсон ва муҳити воқеӣ ташкил менамоянд. Сатҳи идеологияи сиёсӣ
аз хусусиятҳои психологӣ, генетикӣ ва қобилияти фикрии одамон низ вобастааст.
Идеологияи сиёсӣ маҷмӯи ғояҳо ва назарияи сиёсӣ мебошад, ки онро ҳизбҳои сиёсӣ
ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ барои мустаҳкам намудан ва
ё куллан тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Арзишҳои
идеологӣ қувваи эътиқодро доранд. Аз ин ҷиҳат, идеология хусусиятҳои воқеияти
вазифаҳоро муайян месозад.
ИДОРАИ ПАРЛАМЕНТӢ – системаи идоракунии давлатӣ, ки
дар он нақши асосӣ ба парламент мансуб аст. Парламент мақомоти олии давлатӣ ба
ҳисоб меравад. Он дар вазъияти муборизаи ошкоро ва баробари ҳизбҳою созмонҳои
ичтимоӣ ташаккул меёбад. Сарвари давлат дар мақоми роҳбари тантанавии мамлакат
баромад намуда, инъикосгари истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳокимият дар шаклҳои гуногун фақат аз ҳисоби парламент
ҳукм меронад ва ба он такя менамояд. Мавҷудият ва дур шудани ин ё он ҳукаумат
аз сари қудрат асосан аз мақом ва миқдори ҷойи онҳо дар паламент вобастаанд.
Унсури асосии режими идораи парламентӣ ба воситаи овоздиҳӣ изҳори боварӣ ва ё
нобоварӣ намудан ба ҳукумат мебошад. Вақте ки ба ҳукумат нобоварӣ изҳор гардид,
он ҳатман ба истеъфо меравад.
Дар олами муосир шаклҳои гуногуни режими идораи
парламентӣ маълум аст:
- аксариятро ишғол намудани як ҳизб дар парламент.
Ҳизби мазкур ҳукуматро ташкил медиҳад. Барои ин 50 фоиз овозҳоро соҳиб шудан
кифоя аст;
- ҳукуматро якчанд ҳизбҳо ташкил медиҳанд, чунки ҳеҷ
кадоми онҳо дар алоҳидагӣ аксариятро дар парламент ташкил дода
наметавонанд.
ИДОРАИ ПРЕЗИДЕНТӢ - яке аз шаклҳои муҳими системаи
сиёсии идоракунии демократӣ мебошад, ки он хоси кишварњои мутамаддин
аст.
Президентро тавассути интихобот мардум интихоб
менамоянд ва он дорои салоҳиятҳои муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.
Шакли идораи президентӣ дар асри 19 ба вуҷуд омадааст
ва натиҷаҳои мусбиро ба бор овардааст. Тоҷикистон дар ин роҳ дар солҳои
навадуми асри гузашта тавонист, ки чунин равандҳои пешқадами бунёди
давлатдориро бипазирад ва қадамҳои нахустини худро гузорад ва дар ин ҷода гуфта
метавонем, ки муваффақ ҳам гардидааст. Конститусия барои фаъолияти Президент ва
дар ин замина ба таври ҳуқуқӣ ба роҳ мондани сохторҳои Ҳукумат шароит фароҳам
овардааст. Тоҷикистон дар давоми истиқлолияти давлатӣ хусусан, пас аз қабули
Конститутсия ва гузаштан ба шакли идораи президентӣ ба дастовардҳои назаррас
ноил гардидааст ва имрӯз халқи тоҷик натиҷаҳои оно эҳсос менамояд.
ИМИҶИ СИЁСӢ (англ. Image – образ, тасаввурот) – образи
беруние, ки аз тарафи субъект бо мақсади бавуҷудории таассуроти муайян, фикр,
муносибат бо дигарон ташаккул ёфтааст. Он маҷмӯъи хусусиятҳоест, ки ба субъекти
таблиғкунанда бо мақсади ташаккули муносибати муайян ба вуҷуд оварда мешавад.
Масъалаи имиҷ бештар хосияти рӯзмараро соҳиб буда, дар қатори масъалаҳои муҳими
фаъолияту амалияи сиёсӣ қарор дорад. Имиҷи сиёсӣ метавонад ба таври
номуташаккил, бе таъсиррасонии шахсҳо ва гурӯҳҳои дигар ташаккул ёбад. Имиҷи
сиёсӣ ба тасаввуротҳо ва орзую умедҳое, ки ба ҷомеа мувофиќанд ва он ифодаи
тасаввуротҳо дар бораи шахсият ва нақши сиёсат асос меёбад. Ҳангоми ташаккули
имиҷи сиёсӣ бештар аз воситаҳои ахбори умум ва воситаҳои дигари коммуникатсионӣ
истифода бурда мешавад. Имиҷи сиёсӣ вобаста ба вазъияти мушаххаси сиёсӣ дар
навъи гуногун ба амал меояд.
Дар шароити ҷомеаи демократӣ ҳангоми маъракаҳои
интихоботӣ ташаккули имиҷи сиёсӣ бештар аз худ дарак медиҳад. Гурӯҳҳои сиёсӣ
номзади худро чунон мадҳу ситоиш менамоянд ва образеро бунёд мекунанд, ки симои
ҳақиқии шахсро муайян намудан ба одамони одӣ мушкилиҳо меорад.
Имиҷ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ таърихи рангин дорад. Он
дар ташаккул ва инкишофи хеш марҳилаҳои гуногунро сипарӣ намудааст.
Технологияҳои муосири сиёсӣ қудрати онро дорад, ки бо
шеваҳои гуногуни шахсиятсозию шахсиятсузи нафареро дар чашми мардум бузург ё
кучак ҷилва диҳад.
Аммо таҷрибаи рузгор нишон додааст, ки чеҳраҳои сунъии
таблиғотию расонаи бо гузашти андак замоне аз байн мераванд ва дар бекарони
таърих нопадид мешаванд.
Аммо баръакси ин чеҳраҳои табии ва пешвоёни воқеӣ ба
бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда то абад ҳамчун арзиш, намуна ва
қаҳрамон ҷовидона боқӣ мемонанд.
ИМПИЧМЕНТ (англ. impeachment – айбдор
кардан, барои хиёнат ба давлат ба суд кашидан) – дар аксари кишварҳои демократӣ
қонунан тартиботи махсус гузошта шудааст, ки барои вайрон кардани Конститутсия
ва хиёнат шахсони баландмартаба, ҳатто роҳбари давлат ба чавобгарии судӣ кашида
мешаванд. Дар Тоҷикистон низ асосҳои конститутсионии амали мазкур ҷой доранд.
Дар моддаи 72 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
“Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат
дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи
умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо
дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад”.