Роҳе ки ба мақсуд расонад, илм аст

2023-04-27

Ҳанӯз дар ибтидои фаъолиятҳои сарнавиштсози худ ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, сарвари ҷавони давлати мо - Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маърифат ва маънавиёти ҷомеа силсилаибтикороти ояндасозро пеш гирифтанд.

Илм хазинаи бузурги дониш ва маърифат аст, ки инсон тӯли асрҳо бо талошу заҳматҳои пайваста ҷамъ овардааст. Моҳияти ҳастии инсон ва рисолати офаридагории ӯ тавассути илму дониш ва ақлу хирад таҷаллӣ меёбад ва ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро фароҳам меоварад. Аз ин ҷост ки низому пешрафти иҷтимоъ, таъмини амният, сулҳу субот, бунёдкориву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башар ба неруи илм ва маърифати инсон решапайванд аст. Кушодани рози илм дари саодатро ба рӯйи инсон боз ва фарди соҳибмаърифатро ба мартабаи инсони комил ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Аз аҳди бостон то ба имрӯз инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат буда, равзанаи илму ҳикматро боз мекард то ба саодати ҷовидона даст ёбад, гиреҳҳои бастаро кушояд ва рамзу рози зиндагиро дарёбад. Манзалату мақоми шоистаи инсон ва соҳибилм шудани ӯ заҳмати зиёдро талаб дорад. Илму дониш аст, ки ақли инсонро ғановат меафзояд, оламро хуррамобод месозад. Илм парваридаи хиради инсонӣ ва ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати ҷовидон аст ва маҷмуи донишҳост дар бораи олам, табиат ва ҷамъият, ки ба маърифати наву тоза ақли инсонро ғанӣ мегардонад ва чун чароғи равшан ба шинохти ҳақиқат роҳнамун месозад.

Илм дар таълимоти мутафаккирону адибон асоси бақою пояндагии ҷомеа ва ҷавҳари маърифат буда, паёми олиест, ки ҷӯяндаву пажуҳандаи он мубарро аз ҳама ғуборҳои ботинист ва дар зиндагӣ ҳамеша ҳадафмандона боматонат роҳ мепаймояд. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, ки мефармояд:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дар ҷаҳони муосир, ки шеваи таҳаввулоту нобасомонӣ бар он хос аст ва бархӯрду ҳамгироии тамаддунҳо неруи илм дар таъмини сулҳу субот ва муомилаву муносибати халқҳои сайёра торафт бештар меафзояд, мафҳумҳои сабру таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ, сулҳу субот, некиву накукорӣ, дӯстӣ ва хайру эҳсон сифатҳои арзишманди шахсияти инсон буда, тавассути илму дониш ба худогоҳию хештаншиносӣ ва пешрафтҳои ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат менамояд. Осори пурарзиши тамаддуни башарӣ, аз ҷумла ниёгони донишвари мо кулли масоили табиӣ ва иҷтимоиро аз назари илмӣ бо овардани далелҳои муътамад таҳлил ва арзёбӣ карда, ҷомеаи башарро ба рушду нумуъ ҳидоят менамуданд.

Таҳсил ва талаби илм аз давраи тифлӣ то лаҳзаи вопасини ҳаёт барои ҳар як фард зарур аст. Мақом ва манзалати илму дониш дар таълимоти пайғамбарон, донишмандон, мутафаккирон ва адибон ҷойгоҳи баланду шарафманд дорад.

Ҳадисҳои Пайғамбар(с): «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй», «Ман фазилати илмро аз фазилати ибодат дӯсттар медорам». «Ҷоҳилонро ба олимон баробарӣ мумкин нест», «Оё баробар ҳастанд касоне ки медонанд ва касоне, ки намадонанд. Ҳаргиз не! Ибрат намегиранд магар аз соҳибақлон», «Илм нур аст ва ҷаҳл қубҳ», «Арзандатарин мерос аз падар барои фарзанд илму дониш аст» «Ҳар ки барои талаби илм дар роҳе қадам мениҳад, Худованд аз барои ӯ роҳе ба сӯи ҷаннат мекушояд», «Беҳтарин садақаҳо он аст, ки марди мусулмоне илмро биомӯзад ва ба мусулмони дигаре таълим бидиҳад» , “Соате андеша бар илм беҳ аз шаст сол ибодат аст”, ки имрӯз мутаассифона, аз ҷониби баъзе мутаассибини иртиҷоӣ фаромӯш шудаанд, ишора ба мартабаи волои илму маърифат дар ҷомеа аст.

Дар ҳар ҷомеае, ки бунёди илму дониш устувор нест, мардумаш ба таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавӣ гароиш мекунад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии тамаддунҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ бар асоси бунёди ақидаи солиму саҳеҳ, аз зовияи илму маърифат бояд арзёбӣ шавад, то рисолати роҳнамоии ҷомеаро ба самти рушд ва саодати инсонӣ анҷом диҳад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯйи кор оварда, заҳмати мардумро бамаротиб осон мекунад.

Камолиддин Биноӣ фармудааст:

Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Осори гаронбаҳои адабиёти тоҷику форс ганҷинаи гаронмоя ва арзишманд буда, ба тамаддуни башар беҳтарин сармояро, ки ба рушди илму маърифати ҷаҳонӣ замина гузоштааст, тақдим намудааст.

Абӯалӣ ибни Сино таъкид менамояд, ки «Дар таҳсили илму ҳунар кӯшидан кошонаи димоғро аз шамъи хирад равнақ бахшидан ва оинаи дилро аз ғубори ҷаҳолат мусаффо сохтан» аст. Дар ҳақиқат, «илму ҳунар ҳусули ҷоҳу таҷаммулро (ҳашамат) махзан ва таҳсили симу зарро маъдани хотам (нигин), донишу бинишро нигин ва дар таҳзиби ахлоқӣ чун нигорхонаи Чин, кафили шукуфоии мамлакат ва тоҷи сари фазилату иззати олимон» аст. Ба ин маънӣ:

Коре, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст,

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Ҷуз илм макун бадрақа дар дори ҷаҳон,

Роҳе ки ба мақсуд бирасонад, илм аст.

Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ илмро муҷиби бақою пояндагӣ ва ҷавҳари ҳастии инсон дониста таъкид менамояд:

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Фазли илм бекарону бепоён ва мақоми соҳибилм оливу шарафоташ беҳисоб аст. Илм махзани амал, ахлоқу маънавият, поктинатӣ ва сирати одамият буда, аз ҳосилаш инсон саодат ва ҳикмати зиндагиро дарёфтааст.

Унсуралмаолии Кайковус дар “Қобуснома” доир ба талаби илм фармудааст: “Пас агар аз пешаҳо, ки гуфтам, толиби илм бошӣ, парҳезгор ва солеҳ бош ва илмдӯст ва бурдбор ва сабукрӯй ва дерхобу зудхез ва ҳарис ба китобату диросат»

Ба ин маънӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар боби мақоми илм ва таълиму тарбият возеҳу сареҳ мегӯяд:

Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,

Илм аз асбоби тақвими худист.

Илму фан аз пешхезони ҳаёт,

Илму фан аз хоназодони ҳаёт.

Рушди босуботи соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи амнияти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Бузургӣ ва шаҳомати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки рушди босуботи илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва дар таъмини зиндагии шоистаи мардум ва устувории иқтисоди кишвар аз рукнҳои хеле муҳим ва устувор тараққӣ кардаанд. Дар хақиқат, тавассути соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣ ва пешрафти илму маориф ормонҳои зубдаву ҳадафҳои наҷиби созандагӣ насибамон гардид.

Миллати мо дар тӯли мавҷудияти худ садҳо нобиғаҳои илму маърифатро ба ҷаҳон додааст, ки аз эҷоду офаридаи онҳо тамоми миллатҳои олам ба андозаи дарки хеш баҳра бурдаанд. Номи Шайхурраис Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ал – Хоразми, Умари Хайём ва даҳҳо нафарони дигар ҳамчун ситораи тобноки илм дар лавҳаи сафороиҳои бузургони башар сабт шудааст.

Дар замони муосир низ номи садҳо олимони тоҷикро ёдрас шудан мумкин аст, ки дар соҳаҳои гуногуни илм ихтироъ ва кашфиётҳои судмандро ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом додаву мояи ифтихор гардидаанд. Дар саромади ин силсилаи ахтарони илм, номи Садриддин Айнӣ – нахустин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, устоди зиндаёд Муҳаммад Осимӣ мақоми шоиста доранд.

Руҷуъ ба илму маърифат дар замони муосир беш аз пеш вусъат мепазирад. Тамоми кишварҳои пешрафтаи олам дар натиҷаи додани авлавият ба илм тавонистаанд ба пешравиҳои бесобиқа ноил шаванд. Онҳо амиқ дарк намудаанд, ки маҳз илм метавонад барои пешрафт замина фароҳам оварад.

Ҷаҳони имрӯза бо суръати кайҳонӣ дар ҳоли пешравӣ аст, ки маҳаку меҳвари он истифодаи дастовардҳои илмӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо низ бояд аз масири пешрафт канор намонем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тавсеаи илм ҳамеша нигоҳи хос ва таваҷҷуҳи махсус дорад. Як бахши муҳими барномаҳои ҳизбро бахши рушди илму маориф дарбар мегирад.

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия, ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии сайёра ва минтақа, ба роҳ мондани таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳо ва самтҳои асосии саноатикунонии босуръати кишварро ҲХДТ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф муқаррар намудааст.

Амалӣ намудани ин тадбирҳои пешбинигардида боиси равнақи илм ва бад-ин васила омили рушду субот ва зиндагии шоистаи мардум хоҳад гардид.

Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ