Дар ташкилоти ибтидоии “Адиб” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид

2023-04-27

Дар ташкилоти ибтидоии “Адиб”-и Муассисаи нашриявии “Адиб” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти Муассисаи нашриявии “Адиб”, ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ маҷлиси умумӣ доир гардид.

Нахуст, ҳисоботи роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Адиб” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 шунида шуд.

Иттило дода шуд, ки дар соли семоҳаи аввали соли 2023 8 нафар ба узвияти ҲХДТ пайвастанд.

Иштирокдорон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда қайд намуданд, ки он муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад. Аз таҳқиқу баррасии паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки барои тамоми соҳаҳои фаъолияти қишри ҷомеа чун шаҳодатномаи роҳнамо маҳсуб мешаванд. Ин омили муҳим барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо дастур ё роҳнамо, балки барнома ё қадамҳои устувор баҳри таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, муждае аз зиндагии шоистаи мардум, сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Иди миллии тоҷикистониён хоҳад буд. Дар ин роҳ қувваю иқтидори зеҳнӣ, масъулияту заҳмати пайваста, нерӯи созанда, амну осоиштагиву муттаҳидӣ, нангу номуси миллӣ ва азму иродаи қавӣ моро беш аз пеш зарур аст.

Дар идома таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки шабакаи интернет ва алалхусус шабакаҳои иҷтимоии виртуалӣ дар айни замон ҳамчун пояи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккули раванди нав ва пайдоиши фазои нави иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ нақши муҳим доранд. Масъалаи нақши фазои маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар таҳдиди амнияти давлатӣ мояи нигаронии ҷиддии аксари кишварҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ (facebook, Ok, youtube, Telegramm, WhatsApp ва дигарҳо) шабеҳи шамшери дудама (дутарафа) ҳастанд, ки метавонанд дар фазои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амалҳои мусбат ва манфиро эҷод кунанд”. Моро дохзим аст, ки манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои истьиқлоли давлатиро дар майдони иттилоотӣ ҳамеша чун сипар ҳифзу гиромӣ дорем.