АЙНӢ: МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ

2023-04-24

Санаи 20.04.2023 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия доир гардид, ки дар кори он аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, муовинони раиси ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Дар маҷлиси Кумиҷроияи ноҳия 4-масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

1. Ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроия

2. Тағйирот ворид намудан ба ҳайати аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия

3. Озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Айнӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан

4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Аз рӯи масъалаи якум-дуюми рӯзнома Рузибой Раҳимзода муовини Раиси ноҳия баромад намуда, тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ ва банди 19 “Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” номзадии 2-нафар Боқизода Боқимуҳаммад, Ҷумаева Муборак ба ҳайати аъзои Кумиҷроия, Саидзода Зебо ва Боқизода Баротро ба ҳайати аъзои Раёсат пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аъзоён ҷонибдорӣ карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи сеюм-чоруми рӯзнома Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар ба сухан баромада, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонанд дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд. Дар идомаи суханронӣ зикр намуданд, ки дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рӯзибой Маҳмадёр муовини раиси ноҳияи Айнӣ таъин карда шуданд. Номбурда тӯли фаъолият ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ барои баланд бардоштани обрую нуфузи ҳизб, мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ намудани тарғибу ташвиқи ғояҳо ва Барномаҳои ҲХДТ, тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва шаҳрвандони ноҳияи Айнӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Баъд аз суханронӣ муовини раиси ноҳия Рузибой Раҳимзода аз ҷониби раиси КИВ барои рушди фаъолияти Кумиҷроия бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, Исмоилзода З.М. талаботи банди 4.19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, банди 19 Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва озод намудани собиқ раиси КИН бинобар ба кори дигар гузаштан ёдовар шуда, дар асоси омӯзиш ва розигии раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - номзадии Боқизода Боқимуҳаммад Баротро барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба аъзоёни Кумитаи иҷроия ва аъзои Раёсат пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни маҷлиси Кумитаи иҷроия якдилона дастгирӣ ёфт.

Боқизода Боқимуҳаммад Барот 30-январи соли 1965 дар деҳаи Шаватки поёни Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошанд. Соли 1982 ба донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1986 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудаанд. Соли 1986 бо роҳхати донишгоҳ ба кумитаи иҷроияи ноҳияи Айнӣ ба ҳайси иқтисодчӣ ба кор шуруъ намуда, то соли 1990 фаъолият бурдаанд. Аз соли 1990 то соли 1995 нозири калони нархи шуъбаи банақшагирӣ, аз соли 1995 то соли 1996 ваколатдори фаврии политсияи андоз, аз соли 1996 то соли 1998 сармутахассиси шуъбаи ташкилии МИҲД-и н.Айнӣ, солҳои 1998-2002 раиси Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи кишоварзии ноҳия, солҳои 2002-2014 раиси Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳия, солҳои 2014-2016 мудири бахши муҳоҷиати меҳнати ноҳияи Айнӣ, солҳои 2016-2017 раиси Раёсати Ҷамъияти матлуботи ноҳия, солҳои 2017-2019 мудири бахши Ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, аз моҳи октябри соли 2019 то ҳол мудири бахши Ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намуданд.

Пас аз музокироти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мукаррамзода Фарҳод, Боқимуҳаммади Барот ба сухан баромада, миннатдории худро ба Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷҷӯҳ ва эътимодашон баён дошта, бовар кунониданд, ки минбаъд дар амалисозии иқдомҳои неки ҳизбӣ, тадбиқи бандҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб бо дастгирии аъзоён ва ҷонибдорони саҳми назарраси худро мегузорам. Дар интиҳо, раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм баромад намуда, ба раиси тозаинтихоби КИ ҲХДТ дар ноҳия ва муовини раиси ноҳия барору комёбиҳои беназирро таманно намуда, баҳри ҷоннок намудани кори ҳизбӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят, иҷрои Қонунҳои миллӣ, ҷоннок намудани фаъолияти Бахши занон, ҷавонон, Шуъбаи таблиғот, пешниҳоди саривақтии вокунишҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзоён, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрам маслиҳатҳои судманд доданд.