Конференсияи илмӣ-назариявии ноҳиявӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
2023-04-24
Бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Шаҳринав, Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи
пиряхҳо” таҳти унвони “Об ҳамаро муттаҳид месозад” доир гардид, ки дар кори он
аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи
Шаҳринав Абдуқодир Вализода Исуф, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳабибзода
Зоир ва Абдусамад Ҳоҷиев намояндаи Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити
зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар
Конфронси мазкур доир ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлими сайёра,
зиёдшавии хатарҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, фаромадани яхчу тарма, обшавии
пиряхҳо, мушкилотҳо вобаста ба таъминоти об баробари зиёдшавии босуръати аҳолӣ,
хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра суханронӣ карда шуд.
Дар
идома қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли
масъалаи глобалии об ва иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ
пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии
паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои
экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои об аз ин ҳисоб дар
сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷанбаи дигари ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба
ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, ин муаррифии сиёсати экологии кишвари мо дар
сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад, ки он имкон дод, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба
табиати сарсабзи Тоҷикистон, захираҳои зиёди об, пиряхҳои азим, инчунин
имкониятҳои зиёди гидроэнергетикии кишвари мо ҷалб гардад.
Ҳамзамон
зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва
иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда
шавад. Боиси ифтихор аст, ки зимни омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи
пешниҳоди Президенти кишвар, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар
Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз
қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Иқдоми
наҷиби саривақтии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ карда шуд.
Бояд
ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар
масъалаи тағйирёбии иқлим инчунин саҳми худро низ дар пешгирии паёмадҳои манфии
иқлим дар амал гузоштааст. Тибқи маълумоти расмӣ Тоҷикистон аъзои 6 лоиҳаи
минтақавӣ оид ба тағйирёбии иқлим буда, дар навбати худ 20 лоиҳаро дар дохили
кишвар барои мусоидат ба пешгирии тағйирёбии иқлим амалӣ намуда, теъдоди
лоиҳаҳо рӯ ба афзоиш аст.