Аёдати сарбозон дар ноҳияи Данғара
2023-04-20
Артиши миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлол, аз
рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан
мебошад. Бо мақсади руҳбаланд намудани сарбозону афсарон
ва огоҳӣ ёфтан аз шароити
хизмат ва будубоши онҳо
дар қисмҳои низомӣ бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ тадбирҳои муҳимми фарҳангию маърифатӣ ва ташкилу баргузор карда мешавад.
Ин навбат дар доираи чунин ташаббус роҳбарияти
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва масъулони
кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳри Душанбе бо шароити хизмати сарбозон дар
Қисми ҳарбии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиа дар ноҳияи Данғара шинос
шуда, барои онҳо хони идона ороста,
туҳфаҳо тақдим намуданд.
Ҳайати
меҳмонон нахуст аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраи маишӣ ва дигар имконоти мавҷуда дар
ин қисми низомӣ боздид намуданд. Таъкид гардид, ки ташкили вохўриву дидорбинӣ
бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо мақсади тақвияти ҳисси
ватандўстии сарбозону афсарон ва беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ дар тамоми
қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар асоси нақша ташкилу баргузор карда
мешавад.
Дар
қисми дигари чорабинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ –Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор
зимни суханронӣ дар назди сарбозону афсарон аз роҳи тайнамудаи Қувваҳои
Мусаллаҳи мамлакат ёдовар шуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Артиши миллӣ бо
таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба
як сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, дар сафҳои он ҷавонони ватандўсту аз
ҷиҳати ҷисмонӣ ҳамаҷиҳата обутобёфта хизмат мекунанд.
Аз
ҷумла таъкид намуданд, ки хизмти ҳарбӣ мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ буда,
ҳанӯз аз замонҳои қадим, аз давраи пешвои аҷдоди миллатамон Курӯши Кабир
анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ дар зиндагӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта,
баъд ифтихори ҷавонмардиро сазовор мегардиданд. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва
паҳлавонӣ, имтиҳони дуввум ақлу дониши расо ва ниҳоят имтиҳони сеюм одобу
фаросати ҳамида буд. Ҳар сеи ин имтиҳон дар шиори «рафтори нек, гуфтори нек ва
пиндори нек» таҷассум меёфт. Дар шароити кунунӣ низ сарбозони шуҷоъи ватанро
лозим аст, ки худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ тарбия дода ба ташаккули ақлу
хирад низ эътибор диҳанд.
Таъкид
шуд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандўстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат
ва давлати соҳибистиқлол - ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он
мебошад, ки ин рисолатро имрўзҳо афсарону сарбозони кишвари мо сарбаландона
иҷро намуда истодаанд. Шароит ва имконоти хизмату будубоши сарбозону афсарон
дар қисмҳои низомӣ имкон додааст, ки сол аз сол шумораи ихтиёриёни хизмат дар
сафҳои Артиши миллӣ бештар гарданд.
Дар
ин Қисми ҳарбии Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
сарбозону афсарон синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, майдончаи сафороӣ, хобгоҳҳои
замонавии мутобиқ ба талаботи имрӯза мавҷуд мебошад.
Дар
доираи ташаббусҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ барои сарбозону
афсарони қисми низомии мазкур, адабиёти гуногуни соҳавию бадеӣ, лавозимоти
гуногуни варзишӣ, аз ҷумла тахтаҳои шоҳмоту шашка дастрас гардида, барои 400
нафар афсарону сарбозони қисми низомӣ дастрахони идона ороста шуд. Маврид ба
зикр аст, ки тақдими лавозимоти варзишӣ барои сарбозону афсарон дар самти
тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари намудҳои гуногуни варзиш дар миёни онҳо ва бад-ин
васила баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиён мусоидати зиёд мекунад.
Дар
идомаи чорабинӣ барои саҳми арзандаи афсарони ин қисми низомӣ дар тарбияи
ҷавонон дар руҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ, ташаккули фарҳанги маънавию
сиёсӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон дар сафи
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо манзури ҳифзи марзу буми кишвари
азизамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаю сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ
карда шуданд.
Дар
қисмати дигари чорабинӣ бо мақсади болидарўҳии сарбозону афсарони қисми низомии
мазкур бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи рангини фарҳангӣ
манзур карда шуд. Барномаи фарҳангии фарогири суруду таронаҳои ватандўстона аз
ҷониби сарбозону афсарон бо хушнудӣ пазироӣ гардид.