Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
2023-04-19
Бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ доир ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Ҷаласаро раиси кумиҷроия Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа, шинос намуд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд доир ба
фаъолияти кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввали соли равон ахборот пешниҳод
намуд. Сипас, рафти баргузории вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаву
корхонаҳо оид ба омузиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахбороти шуъбаи
занони кумиҷроия дар самти татбиқи қарорҳои Анҷумани 13-уми ХХДТ, тасдиқи
нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии
ҲХДТ вобаста ба таклифу пешниҳодҳои курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои
иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тасдиқи
фармоишҳои раиси Кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввал, тасдиқи қарорҳои
муассисони ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис, муваққатан боз доштани фаъолияти
ташкилоти ибтидоии “ВТ - СИЛК”, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба
қабул, қатъ, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб дар давраи семоҳаи аввали
соли 2023 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар маҷлиси мазкур
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ширкат
намуда, ҷиҳати роҳандозии корҳои ободониву созандагӣ қабули сифатноки аъзо ба
сафи ҲХДТ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва
дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон
таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
фаъолият намудани ҳизб эътибору мақом ва мартабаи онҳое, ки шарафи узвияти ин
неруи тавонои сиёсиро доштанд, бамаротиб боло бурда, боиси густурдатар шудани
нуфузи он дар назди сохторҳои дахлдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ гардид. Дар
заминаи татбиқи бомароми ҳадафҳои он зикр намудан бамаврид аст, ки Барномаи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси самтҳои муҳимми рушди мамлакат
таҳия ва иҷро гардида, кишвари моро ба дастоварду комёбиҳои навин ноил
гардонид.
Дар
маҷлис гузориши вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии
“Суғдиён” №31 Набиҷонова Маҳфуза Раҳматҷоновна оид ба татбиқи барномаи
пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад,
шунида шуд.