Варзиш самти афзалиятноки ҷомеа
2023-04-18
Бо
иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Варзишгарон-1"-и КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Шаҳринав маҷлиси ҷамъбастии семоҳа баргузор гардид.
Раиси
ташкилоти ибтидоӣ зимни суҳбат зикр дошт, ки бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти
солим, баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, эмин нигоҳ доштани
наврасону ҷавонон аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста, дар доираи нақша
мусобиқаҳои варзишӣ мунтазам миёни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо ва кӯчаҳои шаҳр
баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур баҳри оммавияти варзиш ва
таблиғи тарзи ҳаёти солим, ки яке аз ғояҳои созандаи ҳизбӣ мо маҳсуб
меёбад, роҳандозӣ мегарданд.
Аз
рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти
Кумитаи иҷроияи ноҳия Норзода Ҳусейн ба сухан баромада оид ба масъалаи
ташаббуси навбатии ҷаҳонии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 соли байналмилалии
ҳифзи пиряхҳо ва ҳар сол таҷлил намудани рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
суҳбат намуд.
Ҳозирини
ҷамъомад бо камоли хушнудӣ изҳор намуданд, ки ташаббуси навбатии Пешвои маҳбуби
миллат, ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд, омили боз ҳам баланд гардидани обрӯю
нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ буда, имконият фароҳам меорад,
ки ҳифзи манбаҳои асосии оби ошомидании пиряхҳо ба таври муътадил ба роҳ монда
шавад.
Дар
анҷом зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва
тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бахусус дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат,
Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон варзиш ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа шинохта шуда, дар ин самт
мунтазам тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад. Боиси сарфарозист, ки дар
даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти кишвар дар
ҷумҳурӣ, садҳо адад иншоотҳо ва инфрасохтори соҳаи варзиш бунёд гардида, мавриди
баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ин албата имкон дод, ки варзишгарони мо дар
мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ, чемпионатҳо, мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ
иштирок намуда, парчами кишварамонро баланд бардоранд.
Дар
охир, ба шахсоне, ки мавқеи шаҳрвандиашро муайян намуда барои узвият ба сафи
ҳизб ариза пешниҳод намуданд, дар вазъияти тантанави шаҳодатномаи ҳизбӣ
супорида шуд.