Таблиғи ғояҳои созанда натиҷабахш аст
2023-04-18
Дар
маҳаллаи Аллачабоф-1 ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд. Ташкилоти ибтидоии
ҳизбӣ дар доираи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода
шуд, 17 нафар шаҳрвандон ба сафи аъзои ҲХДТ қабул гардиданд.
Дар
вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ
дар ноҳияи Фирдавсӣ Сафаров Зариф, мудири бахши иттилооти Маркази ҷумҳуриявии
ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҳусейн Одинаев иштирок намуданд.
Зимни
вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Аллачабоф-1 вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”,
“Маромномаи сокини пойтахт”, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятии
мавсимӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон,
мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу
ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани
забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ ва саҳм гузоштан дар
корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат доир гардид.
Дар
идомаи вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии
ҷавонон ва дар ин замина ташаккули ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию
худогоҳии миллии ҷавонон ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар дар меҳвари барномаҳои
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиистон қарор дорад.
Қайд
гардид, ки барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси
Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ
мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату
самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли
рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем, иброз дошт
Абдураҳим Шоҳиён.
Дар
идомаи вохӯрӣ Сафаров Зариф вобаста ба ташаббуси панҷуми Пешвои
миллат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ
намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳимму муфид мояи
ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Зикр
гардид, ки маҳаллаҳои воридшуда ба ноҳияи Фирдавсӣ, ки зиёда аз сад ҳазор нафар
шаҳрвандон ва ҳудуди якуним баробар зиёд аз ҳудуди пешинаи ноҳияи Фирдавсиро
дар бар мегирад, зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дошта,
тармиму таҷдид ва зина ба зина азнавсозии иншооти хизматрасонӣ ва беҳтар
намудани ҳама гуна хизматрасониҳо барои шаҳрвандон пайваста аз ҷониби Раиси
шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин таъкид мегардад. Дар ин
росто, фаъолон ва сокинони маҳалларо зарур аст, ки дар татбиқи иқдомоти роҳбарияти
шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкорию шинонидани
дарахтони ороишию ҳамешасабз саҳмгузор бошанд. Дар анҷом, ба нафарони ба сафи
аъзои ҲХДТ қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.