Дар Конференсияи XXXI ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб номзади арзанда пешбарӣ гардид

2023-04-18

Дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб” Конференсияи XXXI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовини аввали Раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, фаъолони ҳизб, раисон ва муовинони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода оғоз гардид.

Вакилон-раёсат, котибот ва рӯзномаи конференсияро тасдиқ намуданд.

Сипас, ба муҳокимаи вакилони конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии №8 ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод карда шуд.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки пешбарии номзадҳо ба вакилиро ба конференсияҳои ҳизбҳои сиёсӣ вогузор намудааст

Аз ҷониби вакилони конференсия номзадии Бахтиёр Назарзода-раиси шаҳри Кӯлоб пешбарӣ гардид, ки аз ҷониби вакилон ҳамовозӣ пайдо намуд.

Баъдан вакилон Хушвахтов Исмон, Исмоилзода Саидмурод, Асозода Ҳотам Раҷаб ва Ташрифзода Мунавваршо ба сухан баромада, қайд доштанд, ки номзади пешбаришударо дар ҳақиқатан арзанда буда, дар доираи сиёсаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро баҳри ободии Ватан мегузорад.

Конференсия аз руйи масъалаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд ва бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.